Интиқоди сафири Эрон дар СММ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба иллати инфиол дар муқобили ҷиноёти саҳюнистҳо
(last modified 2022-05-17T05:22:39+00:00 )
Май 17, 2022 10:22 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди сафири Эрон дар СММ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба иллати инфиол дар муқобили ҷиноёти саҳюнистҳо

Сафир ва муовини намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони милал, дар интиқод аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ таъкид кард, дар баробари ҷиноёти саҳюнистҳо мунфаил набошед.

Ширин Абу Оқила, хабарнигори пурсобиқаи фаластинӣ, замоне, ки ҳамлаи низомиёни саҳюнистӣ ба урдӯгоҳи Ҷанин дар Каронаи ишғолии Бохтариро пӯшиши хабарӣ медод ба зарби гулӯла ба шаҳодат расид.

Низомиёни саҳюнист, ҳамчунин ҳамлаи шадид ва хушунатомезеро ба корвони маросими ҷанозаи пайкари Абу Оқила анҷом доданд.

Ин ҳуҷум ва беэҳтиромӣ ба шакле бисёр шармовар ва дар баробари чашми ҷаҳонён анҷом шуд ва нерӯҳои саҳюнист, бо истифода аз бомбҳои савтӣ ба ин маросим юриш бурданд.

Заҳро Иршодӣ, сафиру муовини намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар СММ гуфт, ҳаррӯз шоҳиди ҷиноятӣ аз сӯи режими Исроил алайҳи мардуми Фаластин ҳастем.

Вай тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Созмони милал бавижа Шӯрои амният мехоҳад, ки барои поён додан ба таҷовузоти Исроил ва бекайфарии он аз муҷозот, иқдомоти оҷилеро дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ва посухгӯ намудани ин режим дар қиболи ҷиноёти байналмилалӣ, ки дар тӯли даҳаҳо муртакиб шудааст, ба амал овард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп