Таҳлил: Эрон ҷузви 10 кишвари созанда ва партобгари моҳвора дар ҷаҳон
(last modified Sun, 22 May 2022 06:05:14 GMT )
Май 22, 2022 11:05 Asia/Dushanbe
  • Акнӯн Эрон дар байни 10 кишвари фазоии ҷаҳон қарор дорад
    Акнӯн Эрон дар байни 10 кишвари фазоии ҷаҳон қарор дорад

Исои Зореъпӯр вазири иртиботот ва фановарии иттилооти ҷумҳӯрии исломии Эрон бо баёни ин, ки Эрон ҷузви 10 кишвари созанда ва партобгари моҳворааст таъкид кард, ки ин санъат барои Эрон иқтидор ва фановарӣ меоварад.

  • Зореъпур гуфт: Эрон дар авҷи таҳрим ва сахтӣ  ба пешрафтатарин дониш дар ҳавзаи фазхо даст ёфтааст, ба тавре,ки сохти моҳвора ва моҳворабар, ки бо диқати зиёд маҳмуларо ба ҳадаф интиқол медиҳад, амали шуд.

Вазири иртиботот ва фановарии иттилоотии Эрон бо баёни ин,ки ҳамакнӯн кишварҳое монанди Британия барои партоби моҳвораи вобаста ба Русия аст тасреҳ кард,  ин дар ҳоле аст, ки имрӯз ҷумҳӯрии исломии Эрон  бо ифтихор яке аз кишварҳое аст, ки   ин донишро буми кардааст. Эрон дар авҷи таҳрим ва сахтӣ ба пешрафтатарин дониш дар ҳавзаи фазо даст ёфтааст, ба тавре, ки сохти моҳвора ва моҳворабар, ки  бо диқати зиёд маҳлуларо ба ҳадаф иниқол медиҳад, амали шуд. 

Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар чаҳор  даҳҳаи гузашта гомҳои пайваста ва рӯ ба пешрафтро дар заминаи дастёби ба фановарии мушакӣ ва фазоӣ бардоштааст.  Ҳарчанд душманон  бо анвоъи таҳримҳо талош кардаанд монеъи пешрафтҳои иқтисодӣ ва илмӣ аз ҷумла дар санъати фйзоии Эрон шаванд, аммо бо вуҷӯди тамоми маҳдӯдиятҳо ва фишорҳо, ҷумҳӯрии исломии Эрон ба анвоъи фановариҳои фазоӣ ва муртабит бо фазо даст ёфтааст, ки бояд онро муваффақияти бузург барои эронӣ Исломи донист.

Партоби моҳворабарҳо ва низ моҳвораҳои бумӣ дар чанд соли ахир намоди ин пешрафти бузург дар арсаи фазоӣ маҳсуб мешавад. Акнӯн Эрон дар байни 10 кишвари фазоии ҷаҳон қарор дорад, ки ин амр ҳосил ва самараи беш аз 4 даҳҳа талоши мутахасисони ин сарзамин аст.

Санъати фазоӣ дар шумори саноъеи дорои фановарии пешрафта маҳсуб мешавад. Бо вуҷӯди тамоми маҳдудиятҳои эъмоли шуда, ҷумҳӯрии исломии Эрон ба чархаи комили фановарии фазоӣ даст ёфтааст. Тарроҳи ва сохти моҳворабарҳо ва гомҳои муҳим дар заминаи сохти моҳворабарҳои бумӣ, партоби онҳо, дарёфти додаҳо ва дар ниҳоят     истифода аз додаҳои дарёфти чархаи комили ин фановариро ташкил медиҳад.

Тафовути барномаи фазоии Эрон бар тавонӣ дохилии худ устувор буда ва аз фановарии бумӣ ва дохилии худ баҳра ҷустааст.

Дар ҳоли ҳозир сохти пойгоҳи партоби моҳвора дар ихтиёри шаш кишвар аст ва Эрон рутбаи баъди аз назари тавсиаи пойгоҳи фазоиро дар ихтиёр дорад. Эрон ҳам чунин дар ду соли гузашта бо тамаркиз рӯи моҳворабарҳо гоми муҳим дар партоби моҳвора бардоштааст ва моҳворабарҳоро ҳамгом бо сохти моҳвора тавсиа додааст, акнӯн мутахасисони эронӣ ба чархаи комили фановарии фазоӣ яъне дониши пойгоҳи партоб, партобгар, моҳвора, истгоҳи дарёфтии   кантроли моҳвора ва истгоҳи додаҳои моҳвораи даст ёфтаанд.

Аз ҷумла дастовардҳои муҳими ахири фазоии Эрон, ки дар марти 2022 (исфанди 1400) аз он рунамоӣ шуд, моҳвораи Нур-2 аст.

Таҳлил: Партоби моҳвораи "Нур-2"муваффақияти дигаре барои санъати фазоии Эрон

Сардор Ҳоҷизода фармондеҳи нерӯи фазоии Сипоҳ мегуяд: Мо маҳкум ба расидан ба фазо ҳастем ва дар оянда силсила моҳвораҳои Нурро хоҳем дошт.

Ба гуфтаи Алии Баҳодурии Ҷаҳромӣ сухангӯи давлат, дидани ҷаҳон аз фазо бо моҳвораҳои эронӣ, як дастоварди бузурги роҳбӯрдӣ аст.

Сарлашкар Ҳусейни Саломӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ низ  бо баёни ин, ки ҷумҳӯрии исломии Эрон аввалин кишвари мусалмоне аст, ки моҳвора дар фазо қарор медиҳад, гуфт: Имрӯз тавонистем бар душман ғалаба кунем ва ин фановариҳои печида ва донишҳои навинро ба даст оварем ва  онро ба як маҳсули муваффақ табдил кунем.

Моҳвораҳои Нур-1 ва Нур-2 нахустин моҳвораҳои низомии Эрон ҳастанд, ки дар мадор қарор гирфтаанд. Дар маҷмӯъ танҳо наздик ба 30 кишвари ҷаҳон чунин моҳвораҳое доранд.

Бештар бихонед: