Июн 16, 2022 19:00 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии вазирони умури хориҷаи Эрон ва Ироқ
    Гуфтугӯи телефонии вазирони умури хориҷаи Эрон ва Ироқ

Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Ироқ дар бораи мавзуъоти мавриди алоқаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмиллалӣ табодули назар карданд.

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Фавод Ҳусайн, вазири умури хориҷаи Ироқ бо қадрдонӣ аз иқдомоти давлати ин кишвар дар заминаи осон намудани гуфтугӯҳо барои ҳузури ҳоҷиёни эронӣ Байтулҳаром дар ҳаҷи имсол ибрози умедвори кард бо талоши масъулони ҳаҷи Арабистони Саъудӣ, фарзияи ҳаҷи таматуъ ба хуби ва бедуни ҳаргуна мушкиле барои ҳоҷиёни тамоми кишварҳои исломӣ ва аз ҷумла ҳоҷиёни эронӣ анҷом шавад.

Амир Абдуллоҳиён дар бораи муносибатҳои Теҳрон ва Риёз низ гуфт: Арзёбии Теҳрон аз даври ахири музокирот дар Бағдод мусбат аст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз иҷроӣ кардани натоиҷи музокироти байни якдигари истиқбол мекунад.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба сафари ахири вазири кишвари Ироқ ба Теҳрон ва тавофуқоти анҷомшуда дар хусуси рафтуомади заминии зоирони Арбаъини Ҳусайнӣ низ ибрози умедвори кард дар бозгушоӣ марзҳои заминӣ, суръат бахшида шавад.

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар мавзуъи гуфтугӯ барои лағви таҳримҳои золимонаи Эрон ҳам гуфт: Дар ҳоле, ки табодули паёмҳо байни Амрико ва Эрон аз масири намояндаи Иттиҳодияи Аврупо идома дошт ба як бора Кохи Сафед назари судури қатънома дар Ожонсро матраҳ кард.

Вазири хориҷаи Эрон таъкид кард: Ҳадафи Амрико аз тарҳи қатънома дар Шӯрои ҳуккоми ожонси байналмиллалии энержи атомӣ, имтиёзгирии сиёсӣ дар миз музокирот аст.

Фавод Ҳусайн низ бо ибрози хурсанди аз раванди гуфтугӯҳои ҷорӣ байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистон бар иродаи давлати Ироқ дар заминаи идомаи осонгири дар ин хусус то барқарории гуфтугӯҳои мустақим байни вазирони хориҷаи ду кишвар ва бозгашти муносибатҳо ба ҳолати табиъӣ таъкид кард.

Вазири хориҷаи Ироқ ҳамчунин омодагии Ироқ барои иҷрои тавофуқоти анҷомшуда дар иртибот бо бозгушоӣ марзҳои заминӣ ва рафтуомади зоирон аз ҷумла дар Арбаъинро мавриди таъкид қарор дод.

 

Барчасп