Июн 28, 2022 16:06 Asia/Dushanbe
  • Ройзани фарҳангии Эрон ва Испания: Фарҳанг ва инқилоби Эрон имрӯз ба сӯи тамадуни навини исломӣ пеш меравад
    Ройзани фарҳангии Эрон ва Испания: Фарҳанг ва инқилоби Эрон имрӯз ба сӯи тамадуни навини исломӣ пеш меравад

Ройзани фарҳангии Эрон дар Испания гуфт, ки фарҳанг ва инқилоби исломӣ Эрон имрӯз ба сӯи тамадуни навини исломӣ пеш меравад, ки дар сояи он тамадуни барномаҳои рифоҳи, оромиш ва адолат вуҷуд дорад.

Ба гузориши ИРНА, ҳамоиши се рӯза аз сӯи донишгоҳи Автономӣ Мадрид ва бо мушорикати ройзани фарҳангӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон ва низ донишгоҳи Алома Таботабоӣ Эрон бо унвони мероси фарҳангии Эрон дар тули таърих: Намодҳо, достонҳо ва талоқиҳо аз рӯзи ҷумъа дар ин донишгоҳ оғоз ба кор кард.

Ин ҳамоиш дар ду бахш шомили нақши тамадуни навини исломӣ ва таҳақуқи адолат ва ҳамчунин осор ва ифтихороти исломӣ ва эронӣ ва намодҳои фарҳангӣ баргузор шуд.

Дар ойини ифтитоҳияи ин ҳамоиш Муҳаммадмаҳдии Аҳмадӣ ройзани фарҳангӣ Эрон бо ишора ба таърихи тулониӣ Эрон ва табодулоти фарҳангии ин сарзамин бо дигар тамадунҳо ба табйини табодулот ва хадамоти мутақобил миёни Эрон ва Ислом пардохт.

Аҳмадӣ интиқоли паёми Ислом ба шарқи олам шибҳиқораи Ҳинд, Покистон ва бисёр кишварҳои дигар дар он минтақаро хидмате донист, ки эрониён ба Ислом карданд.

Дар бахши нахусти ин ҳамоиш, ки ба мавзуъи Эрони Муъосир ва тамадуни навини исломӣ ихтисос ёфта буд, Юсуфи Фарнондуз, раиси Шӯрои исломии Испания ва масъули барномаҳои муассисаи Олул Байти Мадрид, рузноманигор ва хатмкунандаи донишгоҳи Автономӣ Мадрид дар риштаи муътолеъоти исломӣ пардохт.

Фарнондуз афзуд: Бар хилофи кишварҳои ғарбӣ, ки динро аз фазои сиёсӣ ва ҳуқуқи ҷудо карданд дар тамадуни навини исломӣ қоидаҳо ва чорчубҳои исломӣ асоси ҳар қонунгузори ва урфи иҷтимоъиро ташкил медиҳанд ва ҳадафи ин тамадун низ бар асоси андешаҳои Имом Хумайнӣ(р) ва раҳнамудҳои Раҳбари муаззами инқилоб он аст, ки инсон битавонад ҳамаи зарфиятҳои модди ва маънавӣ худро дар сояи он ба камол бирасонад.

Дар ин ҳамоиши се рӯза дар донишгоҳи Автономӣ Мадрид ҳашт суханрони эронӣ ва 12 суханрони испанияӣ ба ироаи мақола пардохтанд, ин мақолаҳо дар се даста фалсафа ва дин, адабиёт ва ҳунар ва таърих ироа шуд.

Дар ин ҳамоиши се рӯза намояндагони аз донишгоҳҳои Алома Таботабоӣ Теҳрон, Автономӣ Мадрид, Комплутенси Мадрид, Севилия, Гранда ва Политехники Мадрид ба ироаи мақолот пардохтанд.

 

 

Барчасп