Дастовардҳои низомии нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон хоре дар чашмони душманон
(last modified 2022-07-06T11:53:26+00:00 )
Июл 06, 2022 16:53 Asia/Dushanbe
  • Дастовардҳои низомии нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон хоре дар чашмони душманон
    Дастовардҳои низомии нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон хоре дар чашмони душманон

Фармондеҳи нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба таҷҳизоти ягонҳои ин нерӯ ба таслиҳоти нуқтазан, даврзан ва ҳушманд таъкид кард: Дастовардҳои низомӣ, дифоъӣ ва таслиҳотии нерӯи заминии артиш ҳамчун хор дар чашми душманон аст.

Фармондеҳи нерӯи заминии артиш аз вазъияти омодагии дифоъӣ ва тавони разми амалиётии типи 328 мутаҳарики ҳуҷумии Маривон боздид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз равобит умумии артиш, генерал Киюмарси Ҳайдарӣ бо ишора ба таҷҳизоти ягонҳои заминии артиш ба таслиҳоти нуқтазан, даврзан ва ҳушманд гуфт: Имрӯз дастовардҳои низомӣ, дифоъи ва таслиҳотии нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун хор дар чашмони душманони қасамхурдаи ин марзу бум аст.

Генерал Ҳайдарӣ бо таъкид бар ин ки ягонҳои нерӯи заминии артиш ҳамеша пуё, боланда ва боздоранда ҳастанд, афзуд: Омодагии беназири нерӯҳои муасаллаҳ, ҳикоят аз руҳия ва ангезаи музоафи коркунони он дар дифоъ аз хоки ин марзу буд дорад ба шакле, ки шабонарӯзи бо тамоми вуҷуд барои амнияти ин сарзамин талош мекунанд.

Фармондеҳи нерӯи заминии артиш ҳамчунин гуфт: Сарбозони салаҳшур ва инқилобии Эрон барои барқарории оромиш ва осоиши миллат тамоми тавони худро басиҷ карда ва дар ин масир аз ҳеҷ кушише фуругузор нахоҳанд буд.