Паёми Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба ихтитомияи Ҷашнвораи миллӣ ва байналмиллалии суруди Фаҷр
(last modified 2022-07-14T05:07:26+00:00 )
Июл 14, 2022 10:07 Asia/Dushanbe
  • Завқ ва салиқа ва ҳунари эронӣ, дар ин бахшҳам тавонистааст Эронро дар шумори саромадон қарор диҳад
    Завқ ва салиқа ва ҳунари эронӣ, дар ин бахшҳам тавонистааст Эронро дар шумори саромадон қарор диҳад

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме ба оини ихтитомияи аввалин Ҷашнвораи миллӣ ва байнамиллалии суруди Фаҷр, бар зубдагузини дар шеър, садо ва оҳанг дар сурудҳо ва интихоби мавзӯъоти исломӣ, инқилобӣ ва миллӣ таъкид карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии      дафтари Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме ба аввалин ҷашнвораи миллӣ ва байнамиллали сурӯди Фаҷр, ки дар маросими ихтитомияи ин Ҷашнвора қироат шуд, фармӯданд: Суруд аз зарфиятҳои ҳунарии гаронбаҳо барои густариши арзишҳои маърифатӣ ва илмӣ аст.

Дар паёми Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ омадааст: Таркиби шеър садо ва оҳанг дар иҷрои ҷамъӣ, рози асаргузории истисноии сурудҳои маҳабӣ ва миллӣ дар ҳама ҷои ҷаҳон аст,   завқ ва салиқа ва ҳунари эронӣ, дар ин бахш ҳам тавонистааст Эронро дар шумори саромадон қарор диҳад.

Оини ихтитомияи нахустин Ҷашнвораи миллӣ ва байналмиллалии суруди Фаҷр асри рӯзи чаҳоршанбе бо ҳузӯри бархе аз масъулон ва ҳунармандон дар толори Ваҳдати Теҳрон баргузор шуд.

Дар бахши байналмиллаии ин ҷашнвора 6 кишвари минтақа шомили Фаластин, Лубнон, Сурия, Ироқ, Яман ва Афғонистон бо теъдоди 50 асар ширкат карданд   ва қарор аст ҳудуди 70 гурӯҳи мунтахаб ва баргузидаи ин ҷашнвора  дар як мусобиқаи бузурги телевизиони бо якдигар  ба рақобат  бипардозанд.