Июл 19, 2022 11:42 Asia/Dushanbe
  • Дуктур Харозӣ: Эрон тавоноии фаннии сохти бомби атомиро дорад аммо тасмиме барои сохти он надорад
    Дуктур Харозӣ: Эрон тавоноии фаннии сохти бомби атомиро дорад аммо тасмиме барои сохти он надорад

Раиси ситоди артиши режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба суханони дуктур Камоли Харозӣ вазири умури хориҷаи пешини Эрон ва раиси Шӯрои роҳбӯрдии сиёсати хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон аз таҳдиди Эрон ва тавассул ба гузинаи низоми сухан гуфта ва онро вазифаи ахлоқи донистааст.

Дуктур Харозӣ дар мусоҳиба бо шабакаи Алҷазираи Қатар гуфтааст, ки Эрон тавоноии фаннии сохти бомби атомиро дорад аммо тасмиме барои сохти он надорад.

Қоидатан Исроил наметавонад аз ахлоқ ҳарф бизанд ба далели ин, ки ҳамаи усул ва меъёрҳои ахлоқиро зери по гузоштааст ва дар ҳоле бо ҳуқуқи ҳастаии Эрон муқобила ва мухолифат мекунад, ки аз ҳамон ибтидои ишғоли Фаластин талошҳои худро барои дастёбӣ ба тавони ҳастаӣ он ҳам бо мақосиди низомӣ оғоз кард ва дар авоили даҳҳаи 60 мелодӣ ба ин тавоноӣ даст ёфт бар хилофи сиёсати эъломи худ, ки дастёбӣ ба чунин тавонеро барои эҷоди боздорандагӣ дар баробари кишварҳои арабӣ зарӯрати иҷтинобнопазир ҷилва медод, ки фиқдон метавонад тавассути кишварҳои арабӣ балъида шавад аммо дар амал мушахас шуд, ки тавони атомии ин режим ба унвони пуштивона барои тавсиа талабиҳои ин режим ба  нақзи таҳдидоти он аз усул ва қовонини байналмиллалӣ аз маншури Милалли Муттаҳид гирифта то қатъномаҳои Созмонҳои Миллал мавриди истифода қарор гирифт.

Ин режим барои ин,ки дар тавлид ва анбошти таслиҳоти ҳастаӣ ҳеҷ маҳдудияте надошта бошад то кунӯн аз имзои  NPT (паймони манъи густариши силоҳи ҳастаӣ) низ худдорӣ карда ва дар айни ҳол  то кунӯн пои ҳеҷ бозрасӣ ба таъсисоти атомии ин режим боз нашудааст.

Режими саҳюнистӣ барои ин , ки инҳисори қудрати атомиро дар ихтиёри худ дошта бошад то кунӯн иҷоза надодааст ҳеҷ як аз кишварҳои арабӣ ҳатто Миср, ки паймони сулҳ бо ин режим имзо кардааст ба тавони ҳастаӣ ҳатто барои мақосиди сулҳомез даст ёбад ва таъсисоти бархе дигар кишарҳоро аз ҷумла Ироқ ва Сурияро низ бумбборон кардааст.

Аммо ин рӯйкард то ба ҳол дар мавриди Эрон муассир науфтодааст зеро тавони ҳасатии Эрон комилан бумӣ шуда ва ҳама мутахасисон ба ин натиҷа расидаанд, ки бо иқдоми низомӣ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон тавон атомии Эронро аз байн бурд ва дар замони Обама Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ замоне ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон рӯй овардан, ки мутмаъин шуданд ҳеҷ имконе барои нобудии тавони ҳастаии Эрон ба далели бумӣ шудан он вуҷӯд надорад.

Ҳарчанд дар он мақтаъа бархеҳо чӣ дар дохил ва чӣ дар минтақа фикр мекардан, ки  бо эъмоли зурӣ бештар ва таҳримҳои ҳадди аксари метавонанд ба натоиҷи беҳтар дар баробари Эрон даст ёбанд, аммо акнун ба  шикасти худ эътироф мекунанд. Бар ин асос режими саҳюнистӣ бар хилофи идаои худ на метавон таъсисоти атомии Эронро ҳамонанди Ироқ бо як ҳамлаи сареъ аз байни бибарад ва на метавонад дар баробари зарбаи дуввуми Эрон ба далели фиқдони амиқи стратежики арозии ишғолӣ тоб биёварад.

Ҳар чанд, ки Эрон  дар  ҳоли ҳозир фоқиди бомби атомӣ аст ва қасде ҳам барои сохти он надорад аммо барои эҷоди ибоздорандагӣ ба тавони мушакӣ ва паҳподии қавӣ муҷаҳаз аст ва дар воқеъ посухи ҳар иқдоми низомии эҳтимоли алайҳи таъсисоти ҳастаии Эрон, ки ҳар аз гоҳе режими саҳюнистӣ аз он дам мезанад ҳамалоти мушакии густарда ба аҳдофи роҳбӯрдӣ дар умқи Фаластини ишғолӣ аст ва бар ҳамин асос бархе аз коршиносони  низомӣ мегӯяд бомби атомии Эрон ҳамон  Димона ва соири амокини атомии режими саҳюнистӣ аст.

Бо ин ҳол набояд аз ин воқеъият ғофил шуд, ки сафари Ҷу Бойден раиси Ҷумҳӯри Амрико ба Фаластини ишғолӣ таҳдидоти минтақаии режими саҳюнистӣ афзоиш ёфтааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп