Июл 31, 2022 08:37 Asia/Dushanbe
  • Паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паи ҳодисаи сел дар нуқоти зиёде аз Эрон

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паи ҳодисаи сел дар нуқоти зиёде аз Эрон бо интишори паёме таъкид карданд : Масъулон тадобири лозимро барои тармими осебҳои сел бакор бибанданд .

Дар паи ҳодисаи хисоратбори сел дар бисёре аз нуқоти Эрон,Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме зимни таслият ба мусибатдидагон аз ҳузури фаврии масъулону талоши гуруҳҳои имдодӣ барои кумак ба селзадагон ташаккур карданд ва идомаи ин иқдомоту талошҳоро хостор шуданд.
Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи шанбе дар паёми худ таъкид карданд : Ҳодисаи маҳибу хисоратбори сел дар бисёре аз нуқоти кишвар ҷамъе аз мардуми азизамонро дучори осебҳои ҷонӣ ва молӣ ва отифӣ кардааст . Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёми худ тасреҳ карданд : Ин ҷониб бо ибрози ҳамдардии амиқ бо ҳамаи он азизон, ба мусибатдидагони ин ҳодиса таслият арз мекунам ва аз масъулони муҳтарами кишвар тадобири лозимро барои тармими осебҳо мутолиба менамоям .
Ишон дар паёми худ хотирнишон карданд : Лозим медонам аз ҳузури сареъи масъулон дар манотиқи селзада ва низ аз талоши гуруҳҳои имдодии мардумӣ ё муваззаф барои кумак ба селзадагон ташаккур кунам. Идомаи ин иқдомоти мавриди писанди Худо ва талоши мустамар барои коҳиши осори ин ҳаводиси дарднок вазифаи ҳамаи мост .

 

Барчасп