Зариф: Тамдиди таҳримҳо беэътибории Амрикоро нишон медиҳад
Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, коре, ки Конгресси Амрико кардааст, дар сурате ки аз ҷониби раисҷумҳури ин кишвар ба тасвиб бирасад, таъсири амалӣ надорад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Муҳаммадҷаводи Зариф, ки ба Ҳинд сафар кардааст, дар ибтидои вуруд ба фурудгоҳи Деҳлии Нав дар гуфтугӯ бо хабарнигори ин хабаргузорӣ гуфтааст, тамдиди таҳримҳои зидди Эрон аз назари ҷомеаи байналамилалӣ беэътибории Ҳукумати Амрикоро нишон медиҳад, зеро Амрико хилофи тааҳҳудоти худаш амал мекунад. Зариф афзуд, ҳамон тавр ки дар гузашта мақомоти амрикоӣ муваззаф буданд, таҳримҳоро мутаваққиф кунанд, акнун дигар кишварҳои ғарбӣ таҳримҳояшонро лағв кардаанд ва шароит барои кишварҳои саввум тафовут надорад”.
Вазири умури хориҷии Эрон бо баён ин ки “мо ниёзе надорем бо мақомот Ҳинд, Чин ва Ҷопон дар бораи ин иқдоми Амрико вориди гуфтугӯ шавем”, гуфт, соҳибкорони ин се кишвар тамоил доранд, дар Эрон сармоягузорӣ кунанд ва ин тасмими Амрико таъсире ба сармоягузории ин кишварҳо дар Эрон нахоҳад гузошт.