Август 09, 2022 13:15 Asia/Dushanbe

Тими миллии футболи ҷавонони Эрон дар дуюмин бозии худ дар мусобиқоти футболи ҷавонони Фаҳрамонии Осиёи Марказӣ (зери 19 сол)-и КАФА- 2022 муқобили Афғонистон бо чаҳор гол пирӯз шуд.

Эрон пас аз тасовии ду бар ду дар бозии нахуст баробари Узбакистон, бо натиҷаи чаҳор бар сифр Афғонистонро шикаст дод ва нахустин пирӯзии худро ба даст овард.

Ҷавонони Эрон дар бозии сеюми худ фардо (чаҳоршанбе) ба масофи тими миллии Қирғизистон мераванд.

Мусобиқоти футболи ҷавонони Қаҳрамонии Осиёи Марказӣ (зери 19 сол)-и КАФА-2022 ба мизбонии Тоҷикистон дар ҳоли баргузорӣ аст.

 

Барчасп