Фармондеҳи кулли Сипоҳ : Неруҳои мусаллаҳ мазҳари қудрати низоми исломӣ ҳастанд
(last modified Wed, 24 Aug 2022 04:35:48 GMT )
Август 24, 2022 09:35 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи кулли Сипоҳ : Неруҳои мусаллаҳ мазҳари қудрати низоми исломӣ ҳастанд

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ неруҳои мусаллаҳро мазҳари қудрати низоми исломӣ донист .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  сардор сарлашкар Ҳусайни Саломӣ бо ҳузур дар Созмони қазоии неруҳои мусаллаҳ бо " ҳуҷҷатилислом Аҳмадризо Пурхоқон-раиси ин созмон дидору гуфтугӯ кард .
Фармондеҳи кулли Сипоҳ дар ин дидор неруҳои мусаллаҳро мазҳари қудрати низоми исломӣ донист ва гуфт : Яке аз авомиле ки шаҳид, сардор Қосими Сулаймониро азизу мардумписанд кард, тавозуъ ва фурутании вай дар айни иқтидор буд .
Фармондеҳи кулли Сипоҳ афзуд : Арзиши неруҳои мусаллаҳ дар ҷомеъа ба ҳамин пок будани онҳост ; чаро ки онҳо мазҳари қудрати низоми исломӣ ҳастанд ва фурутанӣ ва тавозуъ дар ҳангоми қавиву муқтадир будан маъно пайдо мекунад.
Сарлашкар Саломӣ пас аз ин дидор бо ҳузур бар мазори шаҳиди гумноми дафншуда дар Созмони қазоии неруҳои мусаллаҳ ба мақоми волои ин шаҳидон адои эҳтиром кард.