Август 25, 2022 17:24 Asia/Dushanbe
  • Рунамоӣ аз нахустин сомонаи партавдиҳии чанд манзураи Гомо дар Эрон бо ҳузури муъовини раиси ҷумҳур
    Рунамоӣ аз нахустин сомонаи партавдиҳии чанд манзураи Гомо дар Эрон бо ҳузури муъовини раиси ҷумҳур

Аз нахустин сомонаи партавдиҳии чандманзураи Гомо ба унвони ҷадидтарин дастоварди Созмони энержи атомии Эрон рунамоӣ шуд.

Сомонаи партавдиҳии Гомо, ки дар нахстин шаҳраки фановариҳои партавдиҳии Эрон дар маҷмуъаи Баноб дар устони Озарбойҷони Шарқӣ шимоли ғарби Эрон сохта шуда аст, рӯзи панҷшанбе бо ҳузури Муҳаммади Исломӣ, муъовини раиси ҷумҳур ва раиси энержи атомии Эрон ифтитоҳ шуд ва мавриди баҳрабардори қарор гирифт.

Сомонаи партавдиҳии чандманзураи Гомо бо партавдиҳии маҳсулоти ғаллот ва донагӣ дар дозаҳои поён нисбат ба кантроли ҷавонасози ва коҳиши офатҳои анбор ба манзури афзоиши анбормонӣ аз тариқи коҳиши бори микроби ва нобудии микроарганизмҳои олуда ва нобуд кунандаи маводи ғизоӣ мавриди истифода қарор гирад.

Аз ҷумла мазиятҳои истифода аз партавдиҳи дар саноати ғизоӣ метавон ба коҳиши олудагиҳои микроби ва анвоъи маҳсулоти ғизоӣ, ҳифзи беҳтари мавод ва арзиши тағзия ва кайфияти ҳиси маводи ғизоӣ ва ҳамчунин набуди олудагии маҳсулот ва муҳизи зист ишора кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Пежмони Ширмуроди, муъовини раиси Созмони энержии атоми дар ҳошияи баҳрабардори аз сомонаи партобли партавдиҳии Гомо бо баёни ин ки ин сомона барои маҳсулоти кишоварзӣ, тароҳи ва саноатисози шуда аст гуфт: Дар бахшҳои мухталифи монанди саноъат, кишоварзӣ, саломат ва дигар бахшҳо иқдомоти хуби дар як соли гузашта сурат гирифта аст ва аз рӯзи панҷшанбе бо ифтитоҳи ин сомона метавон аз ин пас монеъи партовҳои 30 дарсадии маҳсулоти кишоварзӣ шуд.

 

Барчасп