Август 28, 2022 17:36 Asia/Dushanbe
  • Хушбинии Баррел дар бораи музокироти Вена барои лағви таҳримҳо

Масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар бораи музокироти Вена барои лағви таҳримҳо ибрози хушбинӣ кард.

Даври ҷадиди музокирот бо меҳварияти рафъи таҳримҳои Амрико зидди Эрон, ки аз 4 август дар шаҳри Вена оғоз шуда буд, ҳаштуми август поён ёфт.

Дар ин давр аз музокирот, чанд пешниҳод аз сӯи Энрике Мора, ҳамоҳангкунандаи Иттиҳодияи Аврупо дар музокироти Вена матраҳ шуд.

Қариб ба иттифоқи кишварҳои мушорикаткунанда дар гуфтугуҳои Вена бо меҳварияти рафъи таҳримҳои золимона ва ғайри қонунии зидди Эрон, хоҳони ҷамъбандии сареътари музокирот ҳастанд, аммо дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоӣ дар интизори тасмимоти сиёсии Амрико дар хусуси чанд мавзӯи боқимондаи муҳим ва калидӣ аст.

Ҷозеп Баррелл, масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо  эълом кард, ки дар бораи ба натиҷа расидани музокирот барои лағви таҳримҳо хушбин аст.

Изҳороти Баррел дар бораи вазъияти кунунии музокироти Вена барои лағви таҳримҳо дар ҳоле матраҳ шуда аст, ки Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо эъломи дарёфти посухи давлати Амрико ба назароти Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳаллу фасли мавзӯъоти боқи монда дар музокироти рафъи таҳримҳо, аз тариқи ҳамоҳангкунандаи аврупоии гуфтугӯҳо гуфт, баррасии дақиқи назароти тарафи Амрико оғоз шуда ва Ҷумҳурии исломии Эрони пас аз такмили баррасиҳо, назароти худ дар ин робитаро ба ҳамоҳангкунанда эълом хоҳад кард.

Баррел пеш аз ин низ посухи Эрон ба тарҳи пешниҳодии Иттиҳодияи Аврупоро ҳам маъқул хонда буд.

 

Барчасп