Ҳамзамон бо сеюми рабеулаввал - таъвизи парчами гунбад ва пӯшиши зареҳи ҳарами имом Ризо (а)
(last modified 2022-09-30T16:30:23+00:00 )
Сентябр 30, 2022 21:30 Asia/Dushanbe
  • Эҳтизози парчами сабз дар гунбади Ҳарами Разавӣ
    Эҳтизози парчами сабз дар гунбади Ҳарами Разавӣ

Парчами сабзи разавӣ ҳамзамон бо сеюми рабеулаввал бар фарози гунбаду боргоҳи ҳазрати Ризо (а), имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон ба эҳтизоз даромад.

Муҳаммади Таваккулӣ, муовини амокини мутабаррикаи ҳарами Разавӣ гуфт, пас аз 63 рӯзи азодории муҳарраму сафар ва айёми шаҳодати имом Ризо (а) имрӯз (ҷумъа) дар тулуи сеюмин рӯзи моҳи рабеулаввал парчами сабзи музайян ба ояи шарифаи «Насрумминаллоҳи ва фатҳун қариб» бар рӯйи гунбад бар фарози гунбад ва боргоҳи разавӣ ба эҳтизоз даромаду ҷойгузини парчами сиёҳи азодорӣ шуд.

Таваккулӣ афзуд: Ба ҳамин муносибат нақораҳои разавӣ, ки меросе аз қарнҳои гузашта асту нишон аз азамату шукуҳи ин боргоҳи муқаддас дорад, навохта ва гулҳои зареҳ ҳам таъвиз шуд. Муовини амокини мутабаррикаи ҳарами разавӣ гуфт, ин маросим бо ҳузури ходимони разавӣ, ба вижа ходимони содот ва бо иҷрои барномаҳои маддоҳӣ ва мадеҳасароӣ баргузор шуд. Ҳар сол 2 бор парчами гунбади мутаҳҳари ҳазрати имом Ризо (а) ба таври расмӣ ва дар ойине вижа таъвиз мешавад, ки як бор он дар ибтидои моҳи муҳаррамулҳаром аст, ки ин парчам ба муддати 63 рӯз бар гунбади ҳарами мутаҳҳар ба нишонаи азодории ҳазрати Абоабдиллоҳил Ҳусайн (а) афрошта мемонад ва як мартаба низ дар солрӯзи мелоди соминулҳуҷаҷ (а) анҷом мешавад.

 

Барчасп