Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Иғтишошҳо ва ноамниҳо, тароҳии Амрико ва режими ғосиб ва ҷаълии саҳюнистӣ буд.
(last modified 2022-10-03T12:50:30+00:00 )
Октябр 03, 2022 17:50 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Иғтишошҳо ва ноамниҳо, тароҳии Амрико ва режими ғосиб ва ҷаълии саҳюнистӣ буд.
    Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Иғтишошҳо ва ноамниҳо, тароҳии Амрико ва режими ғосиб ва ҷаълии саҳюнистӣ буд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар маросими муштараки донишомӯхтагии донишҷуёни донишгоҳҳои нерӯҳои мусаллаҳ таъкид кард: Иғтишошҳо ва ноамниҳо, тароҳии Амрико ва режими ғосиб ва ҷаълии саҳюнистӣ буд ва ҳуқуқбигирони онҳо ва бархе эрониҳои хоин дар хориҷ ба онҳо кумак карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбари ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар маросими муштараки донишомӯхтагони донишҷуёни донишгоҳҳои афсарии нерӯҳои мусаллаҳ дар суханони муҳим бо ишора ба ҳаводиси ахир таъкид карданд.

Миллати Эрон дар ин ҳодиса низ ҳамчун ҳаводиси дигар комилан қави зоҳир шуд ва оянда ҳам ба ҳамин сурат хоҳад буд ва дар оянда низ ҳарҷо, ки душманон бихоҳанд ихтилоле эҷод кунанд он ки беш аз ҳама сина сипар хоҳад кард миллати шуҷоъ ва муъмини Эрон аст.

Раҳбари муаззами инқилоб миллати Эронро ҳамчун мавлои худ ҳазрати имом Алӣ(а) миллати мазлум ва дар айни ҳол қави хонданд ва афзуданд: Дар ин ҳодиса, ки пеш омад духтари ҷавони даргузашт, ки дили мо ҳам сухт, аммо вокуниши ба ин ҳодиса, ки бедуни таҳқиқ ва бедуни ин ки амри мусаллами вуҷуд дошта бошад теъдоди биёянд хиёбонҳоро ноамн кунанд, Қуръон оташ бизананд, ҳиҷоб аз сари зани муҳаҷаба бикашанд, масҷид ва ҳусайния ва мошинҳои мардумро ба оташ бикашанд як вокуниши оди ва табиъӣ набуд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки ин иғтишошҳо барномарези шуда буд, гуфтанд: Агар қазияи ин духтари ҷавон ҳам набуд баҳонаи дигаре ба вуҷуд меоварданд то имсол дар аввали меҳ дар кишвар ноамни ва иғтишош эҷод кунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Дар дунё иғтишошҳои зиёди ба вуҷуд меояд ва дар Аврупо ба хусус Фаронса ва Порис ҳар чанд вақт як бор иғтишоши муфасали ба вуҷуд меояд.

Ишон бо таъкид бар ин ки изҳороти таъассуфи амрикоиҳо барои аз дунё рафтани як духтар дуруғ аст ва онҳо бар хилофи зоҳир ба иллати ба даст овардани ин баҳона барои ҳодисаофарини шодмон ҳастанд, гуфтанд: Дар кишвар масуълони се қувва изҳори таъасуф карданд ва қуваи қазоия қавл дода аст, ки мавзуъро то ниҳоят охир дунбол кунад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба шитоб гирифтани пешрафти кишвар дар ҳамаи бахшҳо ва талошҳо барои гушуда шудани бархи гиреҳҳои қадими ва фаъол шудани бахши тавлид ва дониши бунёнҳо ва тавоноӣ кишвар барои хунсо кардани таҳримҳо таъкид карданд. 

Онҳо намехоҳанд ин пешрафтҳо дар кишвар шакл бигирад ва ба манзури мутавақиф кардани ин ҳаракат барои таътилии донишгоҳҳо ва ноамнии хиёбонҳо ва даргир шудани масъулон ба масоили ҷадид дар шимоли ғарб ва ҷануби шарқи кишвар барномарези карданд.

Раҳбари инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки душман дар муҳосиботи худ дар бораи шимолу ғарб ва ҷанубу шарқи кишвар дучори иштибоҳ аст, гуфтанд: Ман дар миёни қавми Балуч зиндагӣ кардам ва онҳо амиқан ба Ҷумҳурии Исломии Эрон вафодор ҳастанд, қавми Курд низ яке аз пешрафтатарини ақвоми эронӣ ва алоқаманд ба меҳани исломӣ ва низом ҳастанд бино бар ин нақшаи онҳо нахоҳад гирифт.

  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: Тароҳи ва иқдомоти душманон нишондиҳандаи ботини онҳо аст ҳамон душмане, ки дар изҳороти дипломати мегуянд қасди таҳоҷум ба Эрон ва тағири низом ва қасди душмани надорем, чунин ботине дорад ва ба дунболи тавтеаи эҷоди иғтишош, нобуд кардани амнияти кишвар ва таҳрики ҳаяҷони касоне аст, ки мумкин аст бо бархе ҳайҷонҳо таҳрик шаванд.
  • Раҳбари инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки Амрико фақат мухолифи Ҷумҳурии Исломӣ нест ва бо Эрон қави ва мустақил низ мухолиф аст, афзуд: Онҳо ба дунболи Эрони даврони паҳлавӣ ҳастанд, ки ҳамчун гови ширдеҳ мутиъи авомири онҳо буд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд: Хела аз касоне, ки ҳиҷоби комил надоранд, ҷузи ҳаводорони ҷиддии Ҷумҳурии Исломӣ ҳастанд ва дар маросими мухталиф ширкат мекунанд, даъво ва баҳс сари истиқлол ва истодагӣ ва тақвият ва иқтидори Эрони исломӣ аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Албата бархе аз ин афроде, ки дар хиёбонҳо меоянд аз бозмондаҳои унсурҳои зарбахурда аз Ҷумҳурии исломӣ ҳамчун мунофиқин, таҷзияталабон, салтанатталабон ва хонаводаҳои совокиҳои манфур ҳастанд, ки қуваи қазоия бояд ба таносуби мушорикат дар тахрибҳо ва зарба ба амнияти хиёбонҳо муҷозот таъин ва онҳоро муҳокима кунад.