Октябр 22, 2022 17:24 Asia/Dushanbe
  • Масири қудрат дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо қувват идома дорад

Вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар боздид аз бахши мушакии Созмони саноати дифо гуфт, масири қудрати дарунзо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бавижа дар арсаи мушакӣ бо қувват идома дорад.

Амири сартип Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ин боздид зимни қадрдонӣ аз талошҳои сӯрат гирифта тавассути коркунони Созмони саноати дифо дар тавлиди анвоъи маҳсӯлоти ҳавзаи разм ҳамчун муҳимоти ҳидоятшаванда изҳор кард, пешрафтҳои дифоии Эрон нишонаи пешрафти илмӣ, бархӯрдорӣ аз ақабаи донишии кишвар, тавсеаи санъати низомӣ ва дифоӣ ва ҳаракат дар ростои иктисоби дониш ва фанновариҳои рӯзи ҷаҳон аст.

Вай бо баёни инки дар сохти анвоъи мӯшаку муҳимоти ҳидоятшавандаи саноати мухталифе дар Эрон бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд афзуд, тавлиди маҳсӯлоти роҳбурдӣ ҳамчун анвоъи муҳимоту мӯшакҳои ҳӯшманд, авҷи пешрафту ташрики масоъии байни созмонӣ аст.

Вазири дифои Эрон бо баёни инки Ҷумҳурии исломӣ дар ҳавзаи дифоӣ ва низомӣ ҷузви чанд кишвари бартари ҷаҳон аст, изҳор кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз ба унвони яке аз кишварҳои дорандаи фанноварии сохти анвоъи муҳимоти ҳидоятшаванда ва мӯшакҳои нуқтазан, кишварии қудратманду муқтадир дар сатҳи ҷаҳон маҳсӯб мешавад.

Сартип Оштиёнӣ таъкид кард, бо вуҷӯди ташдиди таҳримҳои золимона, ки дар ду даҳаи ахир ба авҷи худ расида, иқдомоти санъати дифоӣ дар тавлиди қудрат, иқтидору боздорандагӣ бисёр муассир будааст.

 

Барчасп