Забон ва адабиёти порсӣ, шиносномаи хадшанопазири Эрон ва Тоҷикистон
(last modified Wed, 02 Nov 2022 09:53:49 GMT )
Ноябр 02, 2022 14:53 Asia/Dushanbe
  • Табиатан эрони фарҳангӣ, марзҳояш бисёр дуртар ва қаламрави он бисёр паҳновартар аз ҷуғрофияи кунуни аст
    Табиатан эрони фарҳангӣ, марзҳояш бисёр дуртар ва қаламрави он бисёр паҳновартар аз ҷуғрофияи кунуни аст

Вазири фарҳанги Эрон гуфт: Забони ширини порсӣ, ҳувияти муштараки Эрон бо кишварҳои Тоҷикистон ва Афғонистон аст.

Ба гузориши Садои Хуросон, Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ гуфт: Аҳамияти шеър ва дабиёт дар миёни порсизабонон чун Эрон ва Тоҷикистон метавонад заминаи муносибе барои таъмиқи таълиқоти фарҳангӣ бошад.

Вай сешанбе шаб дар нишасти адибони Эрон ва Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд гуфт: Имрӯз шуъаро ва нависандагони кишвари бародар Тоҷикистон, ҳунармандон ва тамоми касоне, ки ба гунае ба адабиёт рабт дошта ё алоқаманд ҳастанд талош мекунанд бо эҷод ва халқи осори навин ва  арзишманд, ин адабиёти ғанниро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд.

Узви Шӯрои олии Инқилоби фарҳангӣ гуфт: Дар ашъори шоирони муъосири тоҷик аз Эрони кунуни ба таъобири  реша, асл, Маншои аҷдод, Тору пур, Қасри ҷаҳоноро, Нури ҷоми ҷам, Хонаи имон, Миъодгоҳ, Қабиланамои ошёни симурғ, Сарзамини далерон, Боргоҳи нури Худо, Сарзамини ҷовидони Язд, Қаламрави ишқу имон, ва ғайра ёд шудааст.

Исмоилӣ ёдовар шуд: Шуарои тоҷик вақте дар бораи ҳамбастагии Эрон ва Тоҷикистон сухан мегӯянд, таъобири як ҷон дар ду тан, як рӯҳ дар ду пайкар, ду дида ва як дил, як баҳру ду соҳил ва ду мағз дар як писта ба кор мабаранд.

Вай изофа кард: Дар баҳси фарҳанг дар Эрон, адабиёти порсӣ муҳимтарин намоди фарҳангии Эрон аст. Табиатан эрони фарҳангӣ, марзҳояш бисёр дуртар ва қаламрави он бисёр паҳновартар аз ҷуғрофияи кунуни аст.

Исомилӣ тасреҳ кард: Забону адабиёти ширин порсӣ, ки тираҳои гуногӯни эрониро дар ҳар сарзамин ба якбигар пайванд медиҳад, ба манзалаи созандаи ҳувияти муштарак бо кишварҳои Тоҷикистон ва Афғонистон аст ва арзиш ва аҳамияти шеър ва адабиёт дар миёни порсизабононе чун Эрон ва Тоҷикистон метавон заминаи муносибе барои таъмиқи таълуқҳои фарҳангӣ бошад.

Вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ хотирнишон кард: Ду миллат эронӣ ва тоҷик ба гузаштаи худ менигаранд, ба решаҳои худ бозмегарданд, нуқоти муштарк ёфта ва эҳсоси ягонагӣ ва ҳамдили  мекунанд. Гуё аз ин монеъаҳо, марзои фикри ва таълиқҳо раҳои пайдо карда ва ба зоти худ  ба маъно бар мегарданд ва ин барои мо боиси хушҳоли ва хушномӣ аст.

Исмоилӣ тасреҳ кард: Набояд иҷоза диҳем фосиали маконӣ, байни миллати Эрон ва Тоҷикистон ҷудоӣ афканад ва фарзандони ростини Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлавӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Ибни Синоро танҳо нагзорем.

Вай гуфт: Хушбахтона шоирони тоҷик бо таваҷӯҳ ба таърих, фарҳанг, дин ва тамаддуни муштараке, ки эрониҳо ва тоҷикон дар тули  таърих бунёд кардаанд, дӯсти, якдили ва ҳамбастагии эронӣ ва тоҷикро пойдор ва хадшанопазир медонанд, ки дар ҳақиқат ирода ва хостаҳои миллатҳои дукишвар аст.