Таъкиди намояндаи Эрон дар Созмони Миллал бар эҷоди созукори умуми барои расидагӣ ба таслиҳоти кӯштори ҷамъӣ
(last modified 2022-11-16T07:53:23+00:00 )
Ноябр 16, 2022 12:53 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди намояндаи Русия дар Созмони Миллал бар халъи силоҳи Украина
    Таъкиди намояндаи Русия дар Созмони Миллал бар халъи силоҳи Украина

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид бар эҷодҳи созукори умуми барои расидагӣ ба таслиҳоти кӯштори ҷамъӣ таъкид кард.

Ба гузориши Садои Хуросон,Амирсаиди Ировонӣ дар бораи қатъномаи эҷоди созукори сабти хисорот ва ғаромати мухосимаи Украина таъкид кард:  Агар иродае барои эҷоди созукор дар ҷиҳати сабт ва расидагӣ ба  мавориди нақзи ҳуқуқи байналмиллалӣ вуҷӯд дорад, бояд ба созукори ҷаҳони машмул тавассул ҷуст, ки тамоми воқеаҳо аз ҷумла фароҳам кардани таслиҳоти кӯштори ҷамъӣ ва силоҳи химияви барои режимҳои ҷинояткори назири Саддомро шомил шавад. Ёзадаҳумин нишасти фавқулодаи маҷмаъӣ умумии Созмони Миллали Муттаҳид қатъномаи пешниҳодии Украина таҳтити унвони " тамҳидоти марбут ба ҷуброн ва ғаромати таҷовузи Русия ба Украина" бо 24 райи мувофиқ ва 14 райи манфӣ тасвиб шуд.

73 кишвар низ ба ин қатънома райи мумтанеъ доданд. Ин қатънома бо маҳкумияти таҷовузи Русия ба Украина ва шиносоии зарӯрати эҳсои хисоратҳои ворида ба Украина, пешниҳод мекунад  бо мушорикати  давлати Украина  тавассути Русия эҷод шавад. Намоянддаи Эрон дар маҷмуъи умумии Созмони Миллал бо таъкид бар мавозеъи усули Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар хусуси зарурати эҳтироми ҳамагон ба маншури Миллали Муттаҳид ва усули ҳуққуи байналмиллалӣ афзӯд: Пешнависи ҳозир ба адабиёти фаротар аз ҳавзаи вазоиф ва дастури кори маҷмаъи умумии Созмони Миллал пардохтааст, ки дар сурати тасвиб, мушорикати воқеъи дар поён додан ба мухосимаи мазкур ба вуҷӯд намеояд ва сирфан ба дастовези сиёсӣ дар ихтиёри иддае маъдуде аз кишварҳо табдил хоҳад шуд.

Бештар бихонед:

Барчасп