Таҳримҳои нави Амрико ва Канада алайҳи Эрон
(last modified Thu, 17 Nov 2022 16:07:02 GMT )
Ноябр 17, 2022 21:07 Asia/Dushanbe
  • Таҳримҳои нави Амрико ва Канада алайҳи Эрон

Вазоратҳои хазонадории Амрикову Канада дар идомаи рӯйкарди хасмонаи худ алайҳи Эрон таҳримҳои наверо эълом карданд ; Амрико 6 тан аз мудирону хабарнигорони расонаи миллии Эронро таҳрим кард .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Вазорати хазонадории Амрико номҳои 6 тан аз мудирону хабарнигорони расонаи миллиро дар феҳристи таҳримҳо қарор дод.

Паймон Ҷибилӣ, раиси Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон

Муҳсин Бармаҳонӣ, муовини симои  Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон

Аҳмад Наврӯзӣ, муовини бурунмарзии Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон 

Юсуфи Пуранворӣ, (шахс) марбут ба Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон

Алии Ризвонй, (шахс) марбут ба Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон

ва Оминасодоти Забеҳпур, (шахс) марбут ба Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон  дар феҳристи таҳримҳо қарор гирифтанд .
Ин вазоратхона эълом кард ки номи афроди зикршуда дар феҳристи таҳримшудагони  дафтари контроли дороиҳои хориҷии Вазорати хазонадории Амрико қарор гирифтааст.
Гуфтанӣ аст дар идомаи ҳимояти мустақими Амрико аз иғтишошгарон чаҳоруми обонмоҳ Вазорати хазонадории Амрико таҳримҳои наве алайҳи масъӯлону ниҳодҳои эронӣ ҷорӣ кард .
Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин Роберт Моли- масъӯли мизи Эрон дар Вазорати хориҷаи Амрико бар идомаи сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ бар Теҳрон таъкид карда ва гуфта буд : Мо бар рӯйи музокироти рафъи таҳримҳои Эрон тамаркуз надорем ва дар ҳоли ҳозир тавваҷуҳамон ба эътирозоти дохилии ин кишвар аст .
Намояндаи вижаи Амрико дар умӯри Эрон авоили обонмоҳи ҳам муддаӣ шуда буд : Ҷо Байден, раиси ҷумҳӯри Амрико дар сурати шикасти дипломосӣ дар баробари Теҳрон  гузинаи низомиро баррасӣ хоҳад кард . Гуфтанӣ аст Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо низ рӯзи душанбе 29 фард ва 3 ниҳоди эрониро ба феҳристи ончи таҳримҳои ҳуқуқи башарӣ хонда шуда, изофа кард . Давлати Англия ҳам бо судӯри баёнияе эълом кард ки 24 мақоми эрониро ба баҳонаи мавзӯъоти ҳуқуқи башарӣ таҳрим кардааст . Бархе афроду ниҳодҳое, ки дар ин руйхати таҳримҳо қарор гирифтаанд иборатанд аз :

 Аҳмади Ваҳидӣ-вазири дохила
Каюмарси Ҳайдарӣ-фармондеҳи неруии заминии артиш
Ваҳиди Маҷидӣ-раиси полиси ФАТО-и ФАРОҶО
ва Шабакаи ПрессТВ