Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паи ҳодисаи ногувори рубоиш ва шаҳодати Мавлавӣ Абдулвоҳиди Регӣ
(last modified 2022-12-14T06:29:26+00:00 )
Декабр 14, 2022 11:29 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Вазифаи дастгноҳои масъул таъқиб ва муҷозоти чинояткорон аст
    Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Вазифаи дастгноҳои масъул таъқиб ва муҷозоти чинояткорон аст

Раҳбарӣ муаззами инқилоби исломӣ бо ибрози таъсуф ва таъсир аз ҳодисаи ногувори рубоиш ва шаҳодати Мавлавӣ Абдураҳмони Регӣ бар таъқиб ва муҷозоти сареъ ва ҷиддии ҷинояткорон аз сӯи дастгоҳҳои масъул таъкид кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз пойгоҳи иттилоъ расонии  дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме афзӯданд: Ашроре, ки ҷиноятӣи рубоиши Мавлавӣ Абдураҳмон Регӣ (р) ва  ба шаҳодат расидани ин олими хайрхоҳ ва шуҷоъро муртакиб шуданд, муздурон русиёҳанд, ки дар хидмати душманон саъодати ҳаммеҳанони Балуч ва иттиҳоди ақвоми эронӣ қарор гирифтаанд. Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Вазифаи дастгноҳои масъул таъқиб ва муҷозоти чинояткорон аст ва бояд бо суръат ва ҷидият анҷом шавад. Мавлавӣ Абдураҳмони Регӣ имом ҷӯмъаи аҳли суннати масиҷиди Имом Ҳусайн (а) шаҳристони Хош, устони Систон ва Балучистон, ҷанубу шарқӣ Эрон, ки дар ростои сулҳ ва созиш ва даъвати мардум ба оромиш нақши муассир доштааст, панҷшанбе ҳаштуми декабр аз сӯйи афроди ношинос ба шаҳодат расид.

Бештар бихонед:

 

Барчасп