Декабр 18, 2022 10:20 Asia/Dushanbe
  • Исломӣ: Зарфияти ғанисозии Эрон ба ду баробари кулли таърихи ин санъат расида аст
    Исломӣ: Зарфияти ғанисозии Эрон ба ду баробари кулли таърихи ин санъат расида аст

Раиси созмони энержии атомӣ гуфт: Иҷрои қонуни иқдоми роҳбурди ғанисозиро ба сатҳи расонд, ки дар замони ҳозир зарфияти ғанисозии кишвар ба беш аз ду баробари кулли таърихи ин санъат расида аст.

Аъзои фроксиони роҳбурдии маҷлиси шурои исломӣ бо ҳузур дар Созмони энержии атомӣ ва дидор бо раис ва мутахассисон ва мудирони ин созмон аз наздик дар ҷараёни пешрафтҳои санъати ҳастаӣ ва охирин таҳаввулоти фанни ва сиёсӣ дар хусуси музокирот бо тарафҳои хориҷӣ ва ҳамчунин таъсироти иҷрои қонуни иқдоми роҳбурдии мусаваби маҷлис қарор гирифтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Исломӣ, муъовини раиси ҷумҳур ва раиси Созмони энержи атомӣ дар ин ҷаласа изҳор дошт қонуни иқдоми роҳбурди қонуни хуб барои рушди саноъати ҳастаӣ буд ва ба хуби иҷро шуда аст.

Вай изофа кард: Иҷрои ин қонун ғанисозиро ба сатҳи расонд, ки дар замони ҳозир зарфияти ғанисозии кишвар ба беш аз ду баробари кулли таърихи ин саъати ҳастаӣ расида аст.

Муъовини раиси ҷумҳур гуфт: Санади ҷомеъ барои пешрафти санъат ва эҷоди зарфияти буми дар сатҳи саноъати кишвар тадвин шуда аст, ки бар асоси он барномаи ҳастаӣ созмон пеш меравад.

Исломӣ ҳамчунин гуфт энержӣ ҳастаӣ ва тавлиди барқи атомӣ сарфаҷуи иқтисодии зиёди барои кишвар дошта ва дар коҳиши масрафи сухти фисили ва таҷдиднопазири ва мушкилоти муҳитизист муассир аст.

 

Барчасп