Сарлашкар Мусавӣ: Пойгоҳи нерӯи ҳавоии артиши Эрон мизбонӣ ҷангандаҳои ҷадид хоҳанд буд
(last modified Wed, 08 Feb 2023 08:21:33 GMT )
Феврал 08, 2023 13:21 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Мусавӣ: Пойгоҳи нерӯи ҳавоии артиши Эрон мизбонӣ ҷангандаҳои ҷадид хоҳанд буд
    Сарлашкар Мусавӣ: Пойгоҳи нерӯи ҳавоии артиши Эрон мизбонӣ ҷангандаҳои ҷадид хоҳанд буд

Фармондеҳи кули артиши Эрон дар боздид аз пойгоҳи ҳавоии роҳкуниши Уқоб 44 нерӯи ҳавоии артиш гуфт, бархе пойгоҳҳои роҳкуниши дар оянда мизбони ҷангандаҳои ҷадид хоҳад буд.

Сарлашкар Мусавӣ: Пойгоҳҳои нерӯи ҳавоии артиши Эрон мизбони ҷангандаҳои ҷадид хоҳад буд.

Фармондеҳи кулли артиши Эрон дар боздид аз пойгоҳи ҳавои роҳкуниши Уқоб 44 нерӯи ҳавоии артиш гуфт, бархе пойгоҳҳои роҳкуниши дар ояндаи мизбони ҷангандаҳои ҷадид хоҳад буд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Сарлашкар Сайид Абдурҳими Мусавӣ, фармондеҳи кули артиши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар ҷамъи фармондеҳон ва коркунони нерӯҳои мусаллаҳ гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон тавонистаанд қалби миллати Эрон, ҷибҳаи муқовимат ва тамоми касонеро, ки дӯстдори инқилоби исломӣ ҳастанд шод кунанд ва сабаби курии чашми душманони  Ислом ва Эрон бошанд.

Сарлашкар Мусавӣ дар бораи вижагиҳои пойгоҳи  роҳкуниши Уқоби 44 изҳор кард, ин пойгоҳ яке аз пойгоҳҳои тарикибии нерӯи ҳавоии артиши Эрон аст, ба ин мафҳум, ки ҳам парандаҳои бо сарнишин ва ҳам парандаҳои бидуни сарнишин дар ин пойгоҳ ба иҷрои маъмурият мепардозанд.

Фармондеҳи кули артиши Эрон бо баёни ин, ки таҷҳизоти мо мутаносиб бо таҳдидот ва маъмуриятҳо аз текники ба роҳбӯрди иртиқо ёфтааст, тасреҳ кард, имрӯз бехше аз тавонмандиҳои нерӯи ҳавоии артиши Эрон ба унвони захира дар ин пойгоҳ нишон дода шуд.

 

Бештар бихонед: