Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Шанбеи 22 баҳман таърихӣ буд
(last modified Wed, 15 Feb 2023 09:08:19 GMT )
Феврал 15, 2023 14:08 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Шанбеи 22 баҳман таърихӣ буд
    Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Шанбеи 22 баҳман таърихӣ буд

Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ, дар дидор бо ҷамъе аз мардуми устони Озарбойҷони шарқӣ таъкид карданд: Шанбеи 22 баҳман таърихӣ буд.

Дар остонаи солрӯзи қиёми таърихии мардуми Табрез дар 29 баҳмани соли 1356, имрӯз (чаҳоршанбе) ҷамъе аз мардуми устони Озарбойҷони шарқӣ бо Раҳбари муаззами инқлоби исломӣ дидор карданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар ибтидои ин дидор бо ишора ба ҳамосаи мардум дар раҳпаймоии 22 баҳман тасреҳ карданд: Шанбеи 22 баҳман таърихӣ буд, ба миллати Эрон изҳори таъзим мекунам.

Раҳбари муааззами инқилоби исломӣ афзӯданд: Имсол ин шанбее, ки гузашт шанбеи бисту дуввуми баҳман як шанбеи таърихӣ, як бисту дуввуми баҳмани таърихӣ буд.

Ишон хотирнишон карданд: Дар саросари кишвар мардум ба маънои воқеъи ҳамоса офариданд.

Раҳбари  муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд:  Ин ҳама таблиғоти мухолиф, ин мушкилоте, ки мардум бо ҳама вуҷӯдашон, бо ҷисму ҷонашон ҳис мекунанд, таҳрикоти душманон, ҳавои сард, дар баъзе нуқоти кишвар ҳавои зери сифр, ҳамаи инҳо таҳти таъсири гармоӣ эмон ва басирати мардуми Эрон нодида гирифта шуд, мардум омаданд бо ин азамат, ин омадани мардум ҳақоиқи зиёдеро баён кард.

Ишон таъкид карданд: Изҳори иродат ба миллати Эрон дар ҳама ҷо ,  аз минтаҳо алайҳи шарқӣ кишвар то минтаҳои ғарби кишвар, аз шимол то ҷунуби кишвар, дар шаҳрҳои дурдаст, дар марокиз, дар шаҳорҳое  бузурге мисли, Табрез, Исфаҳон Машҳад ва ҷоҳои дигар то рустҳо, ҳам бо ҳам садо балданд карданд.

Бештар бихонед: