Раисӣ: Таъсиси дафтарҳои тиҷории Эрон дар кишварҳои мухталиф бо ҷиддият дунбол шавад
(last modified Thu, 16 Feb 2023 06:50:06 GMT )
Феврал 16, 2023 11:50 Asia/Dushanbe
  • Дидори дуктур Раисӣ бо фаъолони эронии муқими Чин
    Дидори дуктур Раисӣ бо фаъолони эронии муқими Чин

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, таъсиси дафтарҳои тиҷории Эрон дар кишварҳои мухталиф бояд бо ҷиддият дунбол шавад.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон шомгоҳи чаҳоршанбе дар дидор бо эрониёни муқими Чин музокирот бо мақомоти чинӣ дар ин сафарро муваффақиятомез арзёбӣ карду гуфт: Пайгирӣ ва иҷрои мусавваботи ин сафар масъулияте музоаф барои Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Пекин эҷод кардааст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба дидори худ бо намояндагони даҳҳо ширкати бузурги чинӣ, иттилоъ ва огоҳӣ надоштани онҳо аз зарфиятҳои бисёр бузург дар Эронро аз ҷумлаи мавонеи мавҷуд дар таомулоти иқтисодии ин ширкатҳо бо Эрон унвон карду гуфт: Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Чин бояд талоши худро барои интиқоли фанноварӣ дар ҳавзаҳои мухталиф ба кишвар ва ҳамчунин муаррифии дастовардҳои ҷавонони эронӣ дар ширкатҳои донишбунён ба бозорҳои чинӣ музоаф кунад.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба зарфиятҳои фаровони мавҷуд дар Эрону Чин, густариши ҳамкорӣ ва таомулро барои ҳар ду кишвар муфид хонду афзуд: Хушбахтона дар тайи якуним соли гузашта беш аз 10 дафтари тиҷорӣ дар кишварҳои минтақа бо ҳадафи муаррифии зарфиятҳои Эрон ба туҷҷору бозаргонони онҳо таъсис шудааст, ки лозим аст ин маъмурият бо ҷиддият дунбол шавад.

Пеш аз суханони раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, теъдоде аз фаъолони иқтисодии муқими Чин ба баёни масоилу мушкилоти худ пардохтанд.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ба даъвати расмии раиси ҷумҳурии Чин рӯзи сешанбе ба ин кишвар сафар карда буд, пас аз дидор бо раиси ҷумҳурӣ, нахуствазир ва раиси Конгресси миллии халқи Чин, субҳи имрӯз (панҷшанбе) вориди Теҳрон шуд.