-
Поёни сафари Инсия Хазъалӣ ба Ню-Йорк ва ибрози умедворӣ барои поёни ранҷи мардуми Ғазза
Март 16, 2024 13:06Муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умӯри занону хонавода пас аз ширкат дар 68-умин нишаст Камиссиони мақоми зани Созмони милал ва дидорҳои ду ҷониба ибрози умедворӣ кард, дарду ранҷи мардуми Борикаи Ғазза поён ёбад.
-
Кумаки ду миллиардтумонии Раҳбари инқилоб барои озодии зиндониёни ниёзманд
Март 16, 2024 12:55Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ, маблағи 20 миллиард риёл барои кумак ба озодии зиндониёни ниёзманд ихтисос доданд.
-
Таҳрими бархе аз ширкатҳои вобаста ба Бонки марказии Эрон аз сӯи Амрико
Март 16, 2024 12:29Вазорати хазонадории Амрико шомгоҳи ҷумъа дар баёнияе эълом кард: Шабакаҳое аз ширкатҳо ва афродеро, ки дар интиқоли фановарии даҳҳо ширкати амрикоӣ ба ниҳодҳои эронӣ аз ҷумла Бонки марказии Эрон нақш доштанд, таҳрим кард.
-
гузориш: Аврупо бояд омодаи ҷанг бошад
Март 16, 2024 09:56Эмануэл Макрон дар бораи мавзеъгирии худ барои эъзоми неруҳои ғарбӣ ба Украина, ки бо мухолифат ва интиқодоти зиёде дар дохил ва хориҷ аз Франса рӯбарӯ шуд, гуфт: Мо бояд ҳама талоши худро ба кор ббандем, то Русия дар ин ҷанг пирӯз нашавад.
-
Кумаки Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таъмини сӯхти кӯра
Март 16, 2024 09:50Сафири Қазоқистон, Валихон Турахонов дар маросими интиқоли сӯхт аз Қазоқистон ба Тоҷикистон хотирнишон кард, ки ин кумак ба дастури Қосимҷомарт Тоқаев,раиси ҷумҳури Қазоқистон анҷом шудааст.
-
Дидори раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Март 16, 2024 09:19Саидмуъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев- раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Бӯстон дидор карданд.
-
Ширкати намояндаи Тоҷикистон дар комиссияи мақоми зани Созмони Милал
Март 16, 2024 09:13Раиси Кумитаи занон ва хонаводаи Тоҷикистон, Бунафша Файзуддинзода, дар комиссияи вазъияти занон бо унвони «Суръат бахшидан дар раванди дастёбӣ ба баробари ҷинсиятӣ ва тавонмандсози»и Созмони Милал ширкат кард.
-
Таҳлил : Изъони Ҷу Байден ба афзоиши исломҳарросӣ дар Амрико
Март 16, 2024 09:08Ҷу Байден раиси ҷумҳӯри Амрико рӯзи ҷумъаи 15 феврал зимни изъон ба афзоиши исломҳарросӣ дар ин кишвар аз замони ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза гуфт : Мусулмонон дар саросари ҷаҳон ба далели эътиқодоташон шароити душвореро таҳаммул мекунанд .
-
Сабти ҷаҳонии тарҳи «саломати хонавода» ба номи Эрон
Март 16, 2024 07:21Созмони ҷаҳонии тандурустӣ(беҳдошт), барномаи «саломати хонавода»-ро ибтикори Ҷумҳурии Исломии Эрон донист ва бар асоси эъломи масъули минтақаи аврупоии ин созмон, ин барномаро ба номи Эрон сабт кард.
-
Ереванӣ: Эрон ҳар гуна хушунат алайҳи мусулмононро маҳкум мекунад
Март 16, 2024 07:10Амирсаъиди Ереванӣ-сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал эълом кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шиддат ҳар гуна суханони нафратангез, табъизомез, ҳамлаҳои террористӣ ва хушунат алайҳи мусулмонон, эътиқодот, усул ва муқаддасоти мусалмононро маҳкум мекунад.