Март 16, 2024 16:36 Asia/Dushanbe
  • Поёни сафари Инсия Хазъалӣ ба Ню-Йорк ва ибрози умедворӣ барои поёни ранҷи мардуми Ғазза

Муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умӯри занону хонавода пас аз ширкат дар 68-умин нишаст Камиссиони мақоми зани Созмони милал ва дидорҳои ду ҷониба ибрози умедворӣ кард, дарду ранҷи мардуми Борикаи Ғазза поён ёбад.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Инсия Хазъалӣ, муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умӯри занону хонавода, илова бар суханронӣ дар 68-умин Камиссиони мақоми зани Созмони милал, бо раиси давраии Камиссиони мақоми зани Созмони Милали Муттаҳид, ки сафири Филиппин дар Созмони милал аст, дидору гуфтугӯ кард.

Хазъалӣ ҳамчунин бо вузаро ва руасои ҳайатҳои 18 кишвар шомили Лубнон, Сиерра Леоне,  Арабистон, Финланд, Қатар, Туркия, Арманистон, Узбекистон, Алҷазоир, Норвегия, Миср, Либия, Кувайт, Нигерия, Африқои Ҷанубӣ, Полша ва... дидору гуфтугӯ кард.

Вай бо ишора ба инки меҳвари аслии ин нишастҳо, мардум, занону кӯдакони Ғазза буданд ва гуруснагӣ, фишору қатл ва ранҷе аст, ки чандин моҳ аст бо он даргир ҳастанд, умедворем ҳаракатҳое, ки сӯрат мегирад ва маҳкӯмиятҳо дар ниҳоят мунҷар ба як тасмими амалӣ барои поён додан ба ранҷ онҳо шавад.

Хазъалӣ ҳамчунин афзуд, дар нишастҳои мутааддиди чандҷониба ва дуҷониба, тавонистем дастовардҳои занони Эронро ба иттилои занони дигар кишварҳо бирасонем ва бисёре аз муваффақиятҳо ва пешрафтҳои занонро дар маҷомеи байналмилалӣ матраҳ кунем.

 

Барчасп