Апрел 08, 2023 12:41 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти неруҳои амниятии Толибон алайҳи ДИИШ

Фармондеҳии амниятии Толибон дар вилояти Парвон аз кушта шудани як террористи ДИИШ-ӣ дар маркази ин вилоят хабар дод .

Дар ҳафтаҳои ахир борҳо ҳукӯмати Толибону аъзои ДИИШ дар манотиқи мухталифи Афғонистон даргир шудаанд . Гуруҳи террористии ДИИШ то кунун масъӯлияти амалиёти террористӣ ва инфиҷорҳои маргбори бисёреро дар Афғонистон ба ӯҳда гирифтааст.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо аз Кобул,Муҳаммад Комрон Ҳабибӣ-сухангӯи фармондеҳии амниятии вилояти Парвон имрӯз шанбе гуфт :

Дар амалиёти рӯзи ҷумъа алайҳи як махфигоҳи ДИИШ дар шаҳри Чорияккор-маркази вилояти Парвон як ДИИШ-ӣ ба ҳалокат расид .
Ҳабибӣ афзуд : Дар ин амалиёт се зан ва ҳафт кӯдак ( аъзои хониводаи ДИИШ-ӣ ) низ боздошт шуданд .

Ҳафтаи гузашта низ чандин амалиёт барои нобудии махфигоҳҳои ДИИШ дар вилоятҳои Нимрўз, Ҳирот ва Балх иҷро шуд, ки бар асари он шаш ДИИШ-ӣ дар Балх ва сездаҳ нафар аз онҳо дар Ҳирот ба ҳалокат расиданд .
Амалиёти неруҳои амниятӣ дар ҳоле алайҳи ДИИШ густариш ёфтааст, ки масъӯлони ҳукӯмати Толибон дар Афғонистон ҳамвора бар саркубу нобудии ДИИШ таъкид доранд.

Бештар бихонед :

 

Барчасп