Қазоқистон мизбони нишасти амниятии Осиёи марказӣ ва Русия
(last modified Tue, 27 Jun 2023 08:39:39 GMT )
Июн 27, 2023 13:39 Asia/Dushanbe
  • Аввалин нишасти дабирони Шӯроҳои амнияти кишварҳои Осиёи марказӣ ва Русия дар Алматои Қазоқистон баргузор шуд .
    Аввалин нишасти дабирони Шӯроҳои амнияти кишварҳои Осиёи марказӣ ва Русия дар Алматои Қазоқистон баргузор шуд .

Аввалин нишасти дабирони Шӯроҳои амнияти кишварҳои Осиёи марказӣ ва Русия дар Алматои Қазоқистон баргузор шуд .

Ба гузориши рӯзи сешанбеи хабаргузории Форс, Марат Имонқулов-дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон дар нишасти дабирони Шӯроҳои амнияти кишварҳои Осиёи марказӣ ва Русия дар Алмато чолишҳову таҳдидоти амниятиро халалдоркунандаи сулҳу субот дар кишварҳои минтақа донист .
Дабири шӯрои амнияти Қирғизистон ба унвони роҳкоре барои дастёбӣ ба сулҳу субот дар Афғонистон баҳрагирӣ аз равишҳову иқдомоти башардӯстона дар дипломасии байналмилалиро пешниҳод дод.
Имонқулов бар лузӯми мушорикати фаъолона барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ дар миёни ҷавонон таъкид кард .
Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон ҳамчунин хостори густариши ҳамкориҳову табодули таҷрибаи миёни кишварҳои минтақа дар ҳавзаи амнияти кибернитикӣ, эминии биологӣ ва ҷилавгирӣ аз тавлиду густариши силоҳҳои биологӣ шуд .

Бештар бихонед :