Ноябр 27, 2019 20:51 Asia/Dushanbe
  • Рутбабандии амният дар кишварҳои Осиёи Марказӣ; Туркманистон яке аз амнтарин кишварҳои дунё

Дар рутбабандии солонаи The Global Terrorism Index - GTI Туркманистон ба унвони яке аз амнтарин кишварҳои ҷаҳон аз лиҳози таҳдидоти террористӣ муаррифӣ шуд.

Ба нақл аз Форс, коршиносон дар ин рутбабандӣ теъдоди ҳамалоти террористӣ, теъдоди қурбониён, маҷрӯҳон ва хисоратҳо дар кишварҳои мухталифи ҷаҳонро муқоиса карданд.

Туркманистон дар 138-ум, Узбаистон 135-ум, Қазоқистон 85-ум ва Тоҷикистон 50-ум қарор доранд.

Ҳамчунин Туркманистон натанҳо амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ, балки ҷузви амнтарин кишварҳои дунё дар ҷаҳон муаррифӣ шуд.

 

Барчасп