Август 13, 2023 17:05 Asia/Dushanbe
  • Талоши Толибон барои таъсиси Донишгоҳи исломӣ дар Афғонистон

Вазири омӯзиши олии ҳукумати Толибон дар дидори ҷамъе аз устодони донишгоҳҳои Афғонистон, гуфт, ки ин вазоратхона дарсадади таъсиси як донишгоҳи бузурги исломӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории Садои афғон (ово), Нидо Муҳаммаднаим, вазири омӯзиши олии ҳукумати Толибони Афғонистон имрӯз (якшанбе) дар ҷамъи гуруҳе аз устодони донишгоҳҳо бо таъйиди талоши ҳукумат барои таъсиси донишгоҳи бузурги исломӣ, гуфт, ба ҳамин манзур токунӯн 350 тан аз устодони кишвар барои таҳсилоти такмилӣ ба хориҷ аз кишвар сафар кардаанд.

Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсии кабинаи Толибон ҳам дар ин нишаст гуфт, ки аз таассуботи сиёсӣ, қавмӣ, мазҳабӣ дар донишгоҳҳо, ҷилавгирӣ шуда ва акнӯн донишгоҳҳо ба маҳали фарогирии илм мубаддил шудааст.

 

Барчасп