Тавофуқи Толибон ва Аҳмади Масъуд барои таваққуфи мувақати даргириҳои мусаллаҳона
(last modified Sun, 27 Aug 2023 08:14:35 GMT )
Август 27, 2023 13:14 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Толибон ва Аҳмади Масъуд барои таваққуфи мувақати даргириҳои мусаллаҳона
    Тавофуқи Толибон ва Аҳмади Масъуд барои таваққуфи мувақати даргириҳои мусаллаҳона

Узви ҳайати фиристодашуда аз тарафи Аҳмади Масъуд фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд фармондеҳи фақиқди даврони ҷиҳод ва раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз тавофуқ барои тавақуфи мувақати даргириҳои мусалаҳона бо ҳукумати Толибон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммадалами Изадиён узви ҳайати фиристодашуда аз тарафи ҳаводорони Аҳмади Масъуд раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфт: Дар пайи музокирот бо Толибон ду тараф ба таври мувақат бар парҳез аз даргирии низомӣ тавофуқ карданд.

Дар ин нишаст Толибон дар таркиби як ҳайати шашнафари ба раҳбарии Муҳаммадмуҳсини Шоҳими муовини бахши иттилоъот, ки як ҳайати 12 нафарии тарафдорони Аҳмади Масъуд ба раҳбарии Муҳаммадалмоси Зоҳид гуфтугу карданд.

Ин дар ҳоли аст ки Толибон мегуяд дар ин музокирот хоҳони ҳалли масъалаи Панҷшер шуданд, аммо неруҳои мухолиф ба раҳбарии Аҳмади Масъуд мехоҳанд, ки дар бораи сохтори низоми оянда бо Толибон гуфтугу кунанд.

Дар ин замина Аҳмади Масъуд пештар гуфта буд, ки агар ҳукумати фарогир ва мавриди қабули барои тамоми тарафҳо дар Афғонистон ташкил нашавад ин кишвар ба лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ мунзави хоҳад шуд.