Сентябр 20, 2023 18:14 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон рекорддори маргу мири модарону навзодон дар ҷаҳон

Дафтари ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башардӯстонаи Созмони Миллали Муттаҳид бо ироаи оморе дар бораи Афғонистон ин кишварро рекорддори талафоти модарону навзодон муаррифӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , имрӯз чаҳоршанбе эълом кард дар Афғонистон дар ҳар 100 ҳазор зоймони 699 модару навзод қурбонӣ мешаванд .
Ин дафтар афзуд чаҳор даҳа ҷанг ва бесуботӣ камбуди сармоягузорӣ дар бахши беҳдошту дармон ва ҳимояти камтари кишварҳо ва ниҳодҳои кумаккунанда ба тавсеаи баландмуддат аз августи 2021 ( замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон), дастрасӣ ва кайфияти хадамоти муроқибатҳои беҳдоштии зоймону кӯдаконро таҳти таъсир қарор додааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод дастовардҳои ба даст омада дар бист соли гузашта дар хусӯси бахши беҳдошту дармон дар Афғонистон дар ҳоли аз байн рафтан аст .
Дар гузориши дафтари ҳайати муовинати Созмони Миллали Муттаҳид дар Афғонистон , ки дар он аз даҳ кишвари аввали ҷаҳон аз назари боло будани мизони маргу мири модарону навзодон ном бурда шудааст, номи Афғонистон ба чашм мехурад.
Созмони беҳдошт(тандурусти)и ҷаҳонӣ низ дар гузорише эълом кардааст, ки дар Афғонистон ба таври миёна рӯзона 167 навзод талаф мешаванд .
 

 

Барчасп