Сентябр 23, 2023 14:47 Asia/Dushanbe
  • Дархости раиси ҷумҳӯри Қазоқистон аз Амрико барои тасвиби муоҳидаи истифода накардан аз силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи марказӣ

Раиси ҷумҳӯри Қазоқистон дар дидор бо Байден, аз Амрико хост то муоҳидаи истифода накардан аз силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи марказиро тасвиб кунад.

Иёлоти муттаҳидаи Амрико танҳо қудрати бошгоҳи ҳастаӣ аст, ки тазминҳои амниятии Осиёи марказӣ дар бахши истифода накардан аз силоҳҳои ҳастаӣ дар ин минтақаро таъйид накардааст.
Ба гузориши Спутник, Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳӯри Қазоқистон дар дидор бо Ҷо Байден,ҳамтои амрикоии худ ин нуктаро ёдовар шуд ва аз Вашингтон хост то онро ислоҳ кунад.

Тоқаев дар нишасте дар Нию-Йорк гуфт : Ин раванд ниҳодинасозии вазъияти орӣ аз силоҳи ҳастаӣ дар минтақаро такмил мекунад ва марҳалаи муҳимме дар талошҳои байналмилалӣ барои тақвияти густариш надодани силоҳҳои ҳастаӣ хоҳад буд.

Лозим ба зикр аст, ки Осиёи марказӣ танҳо минтақа дар нимкураи шимолӣ аст, ки истиқрори силоҳҳои ҳастае дар он мамнӯъ аст . Ҳар панҷ кишвари минтақаи Осиёи марказӣ дар соли 2006 тавофуқномаеро дар ин замина имзо карданд.
Дар соли 2014 Русияин, Амрикоаронса ва Британия протоколи ин қарордодро имзо карданд, ки бар асоси он мутаъаҳҳид шуданд аз силоҳи ҳастаӣ алайҳи кишварҳои Осиёи марказӣ истифода накунанд .
Дар ҳоли ҳозир Амрико яке аз андак кишварҳои дорои силоҳи ҳастаӣ аст, ки ин санадро тасвиб накардааст.







 

 

Барчасп