Январ 06, 2024 12:08 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии раисони ҷумҳури Узбакистон ва Туркманистон бо давлат ва миллати Эрон дар пайи ҳодисаи террористии Кирмон

Раисони ҷумҳури Узбакистон ва Туркманистон дар паёмҳои ҷудогона ҳодисаи террористии Кирмонро ба миллат ва давлати Эрон тасалият гуфтанд.

 Рӯзи чаҳоршанбе (севуми январ) дар маросими чаҳорумин солгарди сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ-фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дар масири гулзори шуҳадои Кирмон, ҷануби Эрон ду инфиҷори террористӣ дар миёни зоирон ин маросим рӯй дод, ки бар асари он 89 нафар шаҳид ва 284 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.  Гурӯҳаки террористии ДИИШ рӯзи панҷшанбе бо судури баёнияи масъулияти ҷинояти террористӣ дар ҷануби Эронро бар уҳда гирифт.

Image Caption

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мирзиёв-раиси ҷумҳури Узбакистон дар паёме ҷон бохтан ва захмӣ шудани шумори зиёде аз мардуми Эрон дар иқдоми террористии ваҳшатнок дар шаҳри Кирмонро ба миллат, давлат ва хонаводаи қурбониёни ин ҳодиса тасалият гуфт.

 Сардор Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон ҳам дар паёме ҳамлаи террористӣ дар Кирмонро ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва раиси Ҷумҳурии исломии Эрон тасалият гуфт ва бо бозмондагони ин ҳодиса ибрози ҳамдардӣ кард.

 Дар пайи вуқӯъи инфиҷорҳои Кирмон ва шаҳодати шуморе аз мардуми Эрон, кишварҳои бисёре дар ҷаҳон бо ирсоли паёмҳое ин ҳамлаҳоро маҳкум ва бо хонаводаҳои қурбониён ва ҳамчунин давлат ва миллати Эрон ибрози ҳамдардӣ карданд.

 

Барчасп