Март 09, 2024 20:02 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси ширкати муштарак барои сохти хатти роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Узбекистон

Узбекистон пешниҳоди эҷоди як ширкати муштарак барои сохт ва баҳрабардорӣ аз масири роҳи оҳани «Чин - Қирғизистон - Узбекистон»-ро матраҳ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, нишасти сеҷонибаи ҳайатҳои Узбекистон, Чин ва Қирғизистон дар шаҳри Кошғар баргузор шуд.

Раёсати ҳайати Узбекистонро Абдуллоҳ Орифов, нахуствазири ин кишвар бар ӯҳда дошт. Яке аз мавзуоти калидии ин нишаст пружаи сохти хатти роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Узбекистон» буд.

Ин ҷода кӯтоҳтарин ҷодаи ҷойгузин хоҳад буд, ки Осиёи Марказиро ба Чин муттасил мекунад.

Ширкаткунандагони нишаст аз иддеаи Узбекистон барои эҷоди як ширкати муштарак барои сохт ва баҳрабардории хатти роҳи оҳан ҳимоят карданд.

 

Барчасп