Натиҷагирӣ аз сафари раисҷумҳури Чин ба Тоҷикистон
Пас аз анҷоми дидору мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри Миллат, 29 санади ҷадиди ҳамкорӣ миёни ду кишвар имзо шуд.
Сарони ду кишвар изҳороти муштараки Тоҷикистон ва Чин дар бораи таъмиқи минбаъдаи равобити роҳбурдии ҳамаҷониба дар марҳилаи ҷадидро имзо карданд.
Ба гузориши “Спутник”, дар маҷмуъ, аз рӯи натиҷаҳои музокирот 29 санади ҷадиди ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳуҷҷати муҳим — Изҳороти муштараки Тоҷикистон ва Чин дар хусуси таъмиқи минбаъдаи равобити роҳбурдии ҳамаҷониба дар марҳилаи ҷадид ба имзо расид.
Таъкид шуд, ки гардиши мол байни Тоҷикистон ва Чин соли гузашта нисбат ба соли 2022 ба мизони беш аз 24 дарсад афзоиш ёфтааст.
Мизони сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2023 беш аз 4 миллиард долларро ташкил додааст, ки 2.6 миллиард доллари он сармояи мустақим мебошад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии раисҷумҳури Чин ба Тоҷикистон гуфт, ширкатҳои "Зарафшон" ("Зи Ҷин Голд"), маҷмааи саноати бофандагии "Ҷунтай — Данғара Син Силу Текстил", "Хуаксин семент-Ёвон" ва чанде дигар намунаи равшани ҳамкории самарабахши сармоягузории ду кишвар маҳсуб мешаванд.
Дар маҷмӯъ, феълан дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ фаъолият мекунанд.