Баҳрабардорӣ аз корхонаи тавлиди нону ширинипазӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
(last modified 2024-07-16T13:37:19+00:00 )
Июл 16, 2024 18:37 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти корхонаи нону ширинӣ дар Тоҷикистон
    Фаъолияти корхонаи нону ширинӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон корхонаи тавлиди нону ширинипазиро дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Дар таърихи 16 июл Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе, корхонаи тавлиди нону ширинипазиро дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин корхона аз даҳаи 30 –и қарни гузашта фаъолият мекард ва бо пешрафти замону афзоиши ҷамъият ва пешрафтҳои технологӣ, тамоми дастгоҳу таҷҳизоти он ғайриқобили истифода шуда буд.

 

Барчасп