Ҳамкории Тоҷикистон ва Нидерланд дар иҷрои барномаи иқдоми об дар Ню-Йорк
(last modified 2024-07-17T06:20:25+00:00 )
Июл 17, 2024 11:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Нидерланд дар иҷрои барномаи иқдоми об дар Ню-Йорк

Ҳамкории Тоҷикистон ва Нидерланд дар иҷрои барномаи иқдоми об дар Ню-Йорк мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Иҷлоси сиёсии тавсеаи пойдор (HLPF - 2024) дар Ню-Йорк бо Майке ван Гиннекен, намояндаи махсуси оби Шоҳигарии Нидерланд дидору гуфтугӯ ва ҳамкории муштараки ду кишвар дар иҷрои Барномаи иқдоми «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», пешниҳоди мавзӯи об дар бистарҳои байналмилалӣ, аз ҷумла 29-умин Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP 29)-ро баррасӣ кард.

Майке ван Гиннекен бардоштҳои худро аз натоиҷи муваффақиятомези ин конфронси сатҳи ҷаҳонӣ баён кард.

Вай дар ин дидор таъкид кард, ки талошҳои мудовими давлатҳо ба ҳалли яке аз масоили мубрами ҷомеаи байналмилалӣ – дастрасӣ ба об кумак хоҳад кард.

 

Барчасп