Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкатҳои байналмилалии молии тиҷорати исломӣ дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ
(last modified 2024-07-23T13:56:04+00:00 )
Июл 23, 2024 18:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкатҳои байналмилалии молии тиҷорати исломӣ дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ

Ҳамкории Тоҷикистон бо ITFC ва ICD дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.

Дар Ҷидда мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо роҳбари Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо (ITFC) ва Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) Ҳонӣ Солим Сунбул баргузор гардид.

Ба гузориши сомонаи Ховар, ба нақл аз вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо корпоратсияҳои мазкур, ки муассисаҳои Гурӯҳи Бонки исломии рушд доир ба ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ба ҳисоб мераванд, баррасӣ шуд.

 

Барчасп