Бозиҳои олимпии Порис 2024; Темур Раҳимов медали бурнзро аз они худ кард
(last modified 2024-08-03T08:36:49+00:00 )
Август 03, 2024 13:36 Asia/Dushanbe
  • Бозиҳои олимпии Порис 2024; Темур Раҳимов медали бурнзро аз они худ кард

Дар Бозиҳои олимпии тобистонии Порис-2024, Темур Раҳимов, варзишкори тоҷик дар вазни +100 килограмм медали бурнзро ба даст овард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, ин варзишкори тоҷик дар рақобат барои касби медали бурнз муқобили Анди Гранда аз Куба ба бартарӣ расид.

Темур дар даври аввал озод буд ва дар марҳилаи дуюм бар Эрик Абрамови олмонӣ ва дар даври сеюм бар Алишер Юсупови узбекистонӣ ғолиб омад.

Ӯ дар даври нимниҳоӣ аз Теди Ринери фаронсавӣ шикаст хӯрд.

 

Барчасп