Сентябр 10, 2024 12:34 Asia/Dushanbe
  • Ҷазби 2 миллиарду 200 миллион сомони сармоя, барои ободонии Суғд
    Ҷазби 2 миллиарду 200 миллион сомони сармоя, барои ободонии Суғд

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ҷашни сивусевумин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ширкат кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маросим, солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми кишвараш аз ҷумлаи шаҳрвандони Суғд табрик гуфт .

Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварии раванди тоқатфарсои мардуми ин кишвар дар 33 соли истиқлол, таъкид кард: Ба баракати истиқлол, Тоҷикистон аз суи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба унвони як кишвари демократик, қонунмдор ба расмият шинохта ва ба унвони узви дар ҳамаи созмонҳои муътабари байналмилалӣ пазируфта шуд .

Вай афзуд, истиқлол ифтихори инсонӣ ва бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат аст .

Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросими афзуд, ба таври куллӣ беш аз 13 миллиард сомонӣ дар давраи истиқлол дар иҷроӣ беш аз 75 тарҳ сармоягузорӣ давлати дар вилояти Суғд ҳазина ва дар ҳоли ҳозири 18 тарҳи сармоягузории давлатӣ дар вилоят дар ҳоли иҷрост ки маҷмуи онҳо токунун беш аз 2 миллиарду 200 миллион сомони ҷазб шуда аст.

Барчасп