Ҷоми ҷаҳонии 2024 футзали Узбакистон/ қаҳрамони ҷоми ҷаҳонӣ ба сахтӣ аз садди Тоҷикистон гузашт
(last modified 2024-09-20T12:39:17+00:00 )
Сентябр 20, 2024 17:39 Asia/Dushanbe
  • Ҷоми ҷаҳонии 2024 футзали Узбакистон/ қаҳрамони ҷоми ҷаҳонӣ ба сахтӣ аз садди Тоҷикистон гузашт

Дар идомаи даври дувуми рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии 2024 футзали Узбекистон, панҷшанбе тими миллии футзали Португалия, қаҳрамони давраи қаблии Ҷоми ҷаҳонии футзал ба масофи Тоҷикистон рафт ва бо натиҷаи 3 бар 2 ба бартарӣ расид.

Дар дигар дидори ин гуруҳ ҳам Марокаш муваффақ шуда буд бо натиҷаи 6 бар 4 аз садди Панама убӯр кунад.

Ба ин тартиб, дар поёни даври дувуми рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонӣ дар гуруҳи “E” тимҳои Португалия ва Марокаш бо 6 имтиёз аввал ва дувум ҳастанд ва ҷавози ҳузур дар марҳалаи якҳаштуми ниҳоиро ба даст овараданд. Ин ду тим дар даври сеюм бояд ба масофи ҳам бираванд то таклифи садрнишини гуруҳ мушаххас шавад.

Тоҷикистону Панама ҳам бидуни имтиёз дар раддаи сеюм ва чаҳорум қарор доранд ва дар дидори баъдӣ ба масофи ҳам мераванд дар сӯрате ҳар кадом аз ин ду битавонанд се имтиёзро касб кунанд, метавонанд умедвор бошанд, ки ба унвони яке аз тимҳои бартари сеюм, роҳии даври баъд шаванд.