Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Масъуди Пизишкиён: Хоҳони истифода аз таҷрибаҳои Эрон ва ҳамчунин тақвияти равобити ҳамаҷониба ҳастем
(last modified 2024-09-24T09:36:43+00:00 )
Сентябр 24, 2024 14:36 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк
    Мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк

Раисиҷумҳури Эрон равобити Эрону Тоҷикистонро мумтозу муттакӣ бар пайвандҳои амиқи таърихиву хешовандӣ тавсиф карду гуфт: Мо хоҳони тавсеаву густариши таомулоту иртибототи илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бо Тоҷикистон ҳастем.

Доктор Масъуди Пизишкён дар идомаи барномаҳои сафар ба Ню-Йорк, шомгоҳи душанбе дар макони иқомати худ, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, равобити ду кишварро мумтозу муттакӣ бар пайвандҳои амиқи таърихиву хешовандӣ тавсиф карду гуфт: Мо хоҳони тавсеаву густариши таомулоту иртибототи илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бо Тоҷикистон ҳастем.

Раисиҷумҳури Эрон дар идома масъалаи Афғонистонро мавзӯи муштараки ду кишвар донист ва бар зарурати ҳамгироиву ҳамкории бештари Теҳрон - Душанбе барои кумак ба ин кишвар дар масири ғалаба бар мушкилоту масоили пеширӯ таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин дидор зимни таҷлил аз мавозеи доктор Пизишкиён дар ростои эҷоди ваҳдату ҳамбастагӣ миёни кишварҳои исломӣ гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон бо вуҷуди фишорҳову таҳримҳои золимона, ба пешрафтҳои чашмгире даст ёфтааст ва мо хостори истифода аз таҷрибаҳои Эрон ва ҳамчунин тақвияту таъмиқи равобит дар ҳамаи заминаҳо ҳастем.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба пешинаи таърихиву бостонии фарҳангу тамаддуни Эрон ишора карду изҳор дошт: Мо худро бахше аз ин тамаддуни бузург ва ғанӣ медонему бар хилофи бадхоҳон, пешрафту муваффақияти Эронро пешрафту муваффақияти худ медонем.

 

Барчасп