Руёруии дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва Сипоҳони Эрон дар марҳилаи дувуми Лигаи қаҳрамонони Осиё
(last modified 2024-09-28T11:09:11+00:00 )
Сентябр 28, 2024 16:09 Asia/Dushanbe
  • Руёруии дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва Сипоҳони Эрон дар марҳилаи дувуми Лигаи қаҳрамонони Осиё

Дар даври баъдии марҳилаи гурӯҳии дувумин давраи Лигаи қаҳрамонони Осиё 2024/25 дастаи футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон муқобили бошгоҳи футболи “Сипоҳон”и Эрон ба майдон меравад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар , ин дидор дар таърихи 1 октябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи Фӯлодшаҳри Исфаҳон баргузор мешавад.

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон дар аввалин бозии марҳилаи гурӯҳии ин рақобатҳо дар гурӯҳи “С” дар замини худ бо бошгоҳи футболи “Шарҷа”-и Амороти муттаҳидаи арабӣ бозӣ кард ва дидори ин бошгоҳҳо бо бартарии як бар сифр ба суди меҳмон ба поён расид.Дар дигар дидори ин гурӯҳ, бошгоҳи футболи “Алваҳдат”и Урдун дар Уммон муқобили бошгоҳи футболи “Сипоҳон”и Эрон бо натиҷа ду бар як ба пирӯзӣ расид.Танҳо голи бошгоҳи футболи “Сипоҳон”и Эронро Ваҳдат Ҳаннонов, мудофеъи тими миллии Тоҷикистон ба самар расонд.

 

Барчасп