Тамоюли Тоҷикистон ба истифода аз таҷрибаҳои Эрон дар ҳавзаи обёрӣ ва зеҳкашӣ
(last modified 2024-10-01T09:44:37+00:00 )
Октябр 01, 2024 14:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар бахши обёрии замин
    Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар бахши обёрии замин

Раиси Муассисаи беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон бар истифода аз таҷрибаҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаи обёрӣ ва зеҳкашӣ таъкид кард.

Раҳмон Ғафурзода, раиси Муассисаи беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон, ки ба Теҳрон сафар кардааст, дар дидор бо Меҳрзоди Эҳсонӣ, дабири Кумитаи миллии обёрӣ ва зеҳкашии Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон дорои донишу фанноварии густардае дар заминаи обёрӣ ва зеҳкашӣ аст.

Раиси Муассисаи беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон ҳамчунин бо баёни ин ки 93 дарсади кишвараш кӯҳистонӣ асту бахши зиёде аз обёрии ин заминҳо бо обҳои сатҳӣ анҷом мешавад, вазъияти зеҳкашии заминҳои кишоварзии Тоҷикистонро номатлуб хонду афзуд: Таҷрибаҳои Эрон метавонад барои Тоҷикистон муфид бошад.

Эҳсонӣ низ бо ишора ба таҷрибиёти илмиву фаннии Эрон гуфт, алоқаи муштараке байни Эрону Тоҷикистон барои табодули таҷриба ва тавсеаи ҳамкорӣ вуҷуд дорад.

Ҳеҷ кишваре ба андозаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистони иртиботи наздик ва дилбастагӣ надорад ва иллати он ҳам қаробатҳои нажодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва забонии миллатҳои ду кишвар аст.

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон низ Тоҷикистон аз ҷойгоҳи болое бархӯрдор аст ва Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон аз равобити ду кишвар ба “равобити хешовандӣ” ёд кардаанд.

 

Барчасп