Намояндаи Урдун “Истиқлол”-и Тоҷикистонро шикаст дод
(last modified Wed, 06 Nov 2024 10:27:49 GMT )
Ноябр 06, 2024 15:27 Asia/Dushanbe
  • Шикасти \
    Шикасти \"Истиқлол\"-и Тоҷикистон дар баробари тими Урдун

“Ал-Ваҳдат”-и Урдун ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар чаҳорумин бозии гуруҳи “C” ба масофи ҳам рафтанд, ки тими урдунӣ тавонист бо як гол “Истиқлол”-и Тоҷикистонро шикаст диҳад ва бо касби се имтиёз дар садри ҷадвали гуруҳ қарор бигирад.

“Ал-Ваҳдат”, ки дар як бозии аҷиб “Сипоҳон”-ро ду бар як шикаст дода буд, дар дуюмин бозӣ муқобили “Шарҷа” ба тасовӣ расид ва пас аз он “Истиқлол”-и Тоҷикистонро бо натиҷаи як бар сифр шикаст дод.

Онҳо бо такрори натиҷаи бозии рафт се имтиёзи дигар касб карданд то бо 10 имтиёз шароити мутмаине дар ҷадвали мусобиқот дошта бошанд.