Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси давлати мустақили Фаластин
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти муштараки арабӣ исломӣ гуфт, танҳо роҳи ҳалли мушкили мардуми Фаластин - таъсиси Давлати мустақили Фаластин мебошад.
Ба гузориши “Спутник”, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти муштараки арабӣ - исломӣ, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд, афзуд: Ташдиди даргирӣ ва тамоюли густариши доманаи ҷанг, инчунин печидатар шудани буҳрони башарӣ дар ин минтақа, боиси нигаронии амиқи Тоҷикистон гардидааст.
Вай изҳори таассуф кард, ки бо гузашти беш аз як сол аз оғози ҷанг дар Ғазза, ҳама гуна талошҳо барои эҷоди мусолиҳа миёни ҷонибҳои даргир бенатиҷа боқӣ мондааст.
Президенти Тоҷикистон афзуд, ки ҳалли воқеии қазияи Фаластин ва таъмини сулҳи одилонаву пойдор дар минтақа танҳо тавассути иҷрои қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ташкили Давлати мустақилу соҳибихтиёри Фаластин имконпазир мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад.
Вай афзуд, ин танҳо роҳест, ки тавассути он мардуми Фаластин метавонанд ҳаққи аслии миллии худро ҳамчун узви мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи муносибатҳои байналмилалӣ амалӣ намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зарурати дастрас кардани кӯмакҳои башардӯстона дар марҳилаи кунунӣ, бо ҳамкории кишварҳои арабиву исломӣ ба мардуми Фаластин таъкид кард.
Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки Тоҷикистон ба қадри имкон дар ин кор саҳм гирифтааст ва дар оянда низ саҳм хоҳад гузошт.