Январ 24, 2017 21:31 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи поёнии Нишасти музокироти сулҳи Сурия дар Остонаи Қазоқистон

Тарафҳои ширкаткунанда дар нишасти музокироти сулҳи Сурия дар Остонаи Қазоқистон дар баёнияи поёнии худ бар ҳимоят аз тамомияти арзии Сурия ва мубориза бо террористҳо таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар баёнияи поёнии Нишасти музокироти сулҳи Сурия дар Остона, ки асри сешанбе Ғайрат Абдулраҳмонов, вазири умури хориҷаи Қазоқистон онро қироат кард, омадааст: Ин музокирот муқаддамае барои оғози музокироти мустақим байни давлати Сурия ва мухолифони сурӣ хоҳад буд ва нишасти Остона дар муваффақияти музокироти Женева саҳм хоҳад дошт .

Бар асоси ин баёния, ҳамаи тарафҳо ба мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ ва Ҷибҳа-Алнусра (Фатҳулшом) мутааҳҳид шуданд .

Дар баёнияи поёнии нишасти Остона, бар аз саргирии музокироти сиёсии Сурия дар Женева таҳти назари Созмони милали муттаҳид дар ҳаштуми феврали 2017 бо ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳ таъкид шудааст .

Дар ин баёния бар ҳифзи тамомияти арзии Сурия бар асоси қатъномаҳои Созмони милали муттаҳид ва низ идомаи музокироти сиёсии байни мухолифону давлати Сурия бар мабнои қатъномаи 2336 Шӯрои амният таъкид ва ҳаргуна ҳаллу фасли низомии буҳрони Сурия рад шудааст .

Ҳамчунин бар асоси ин баёния, бар сари оташбас дар ҳамаи хоки Сурия ва эҷоди як ҳайъати нозир барои назорат бар иҷрои саҳеҳи ин оташбас тавофуқ шудааст.

Музокирот дар бораи буҳрони Сурия рӯзи душанбе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо ибтикори ҷумҳурии исломии Эрон, Русия ва Туркия шуруъ шуд ва асри сешанбе поён ёфт .

 

Барчасп