Август 27, 2017 14:33 Asia/Dushanbe
  • Интихоби нахуствазири ҷадиди Қирғизистон

Маҷлиси миллии Қирғизистон бо аксарияти ороъ Сафар Исҳоқовро ба симмати нахуствазири ҷадиди ин кишвар мансуб кард.

Сафар Исҳоқов муваффақ шуд, 97 раъйро аз маҷмӯи 102 раъйи намояндагони Маҷлиси миллии Қирғизистон ба даст оварад. Исҳоқов, ки аз наздикони Алмосбек Отамбоев, раисҷмҳури Қирғизистон ва аз мушовирони ӯ дар умури сиёсати хориҷӣ аст, пеш аз ин дар симмати раиси умури коркунони ниҳоди раёсатҷумҳурии Қирғизистон фаъолият дошт. Исҳоқови 40-сола ҷавонтарин нахуствазир дар таърихи Қирғизистон маҳсуб мешавад.

Бар асоси Қонуни Асосии ҷадиди Қирғизистон, эътилофи аксарият ё фираксияи беш аз ниме аз намояндагон метавонад барои симмати нахуствазирӣ номзади худро пешниҳод кунад. Пеш аз ин интисоб Сооронбой Жээнбеков  истеъфояшро ба манзури ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ расман эълом карда буд. Сооронбой Жээнбеков 16 моҳ нахуствазири Қирғизистон буд. Қарор аст, интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон 15-уми октябри имсол баргузор шавад. То кунун аз 50 фарди сабтиномшуда Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон фақат чаҳор номзадро барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ таъйид кардааст. Алмосбек Отамбоев, бар асоси Қонуни Асосии ин кишвар, дар интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурӣ ҳаққи ширкат кардан надорад, аммо таъкид кардааст, интихобот бояд шаффоф баргузор шавад. Ӯ гуфтааст, мардуми Қирғизистон ба чеҳраҳои ҷадиде ниёз доранд, то кишварро ба сӯйи рушду пешрафт ҳидоят кунанд.

Ба ҳар ҳол, бо тағйироти Қонуни Асосӣ масъулиятҳои Маҷлиси миллӣ ва шахси нахуствазири Қирғизистон аз аҳамияти зиёде бархурдор шуда, бахши аъзами масъулиятҳои шахси раисҷумҳурӣ ба нахуствазир интиқол ёфтааст. Дар ин шароит интихоби фарде, ки битавонад уҳдадори ин масъулияти сангин бошад, бисёр ҳоизи аҳамият аст. Ба иборати дигар барои давлати Бишкек ҳимоят аз ҷавони 40-солае, ки масъулияти умури коркунони ниҳоди раёсатҷумҳурии Қирғизистонро ба уҳда гирифтааст, навъе риск маҳсуб мешавад. Ин ҳам дар ҳоле ки Қирғизистон фақиртарин Ҷумҳурии Осиёи Марказӣ аст. Ба ҳамин сабаб сиёсатмадорони қирғиз бояд миёни қудратҳои минтақаӣ нақши мусбату муассире ифо кунанд, то битавонанд киштии ҷомеаи Қирғизистонро ба сарманзили мақсуд бирасонанд.

Барномарезии муассир барои бозпардохти қарзҳои хориҷии Қирғизистон, ки беш аз 10 баробари арзиши тавлиди нохолиси миллии ин кишвар аст ва ҳамчунин наҳваи ҳамкорӣ бо кишварҳои қудратманди минтақа аз ҷумлаи сиёсатҳоест, ки метавонад муваффақияти нахуствазири Қирғизистонро тазмин кунад.