Ноябр 14, 2017 16:36 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе

Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев, вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе дидор карданд.

Дар ин дидор, ки дар чорчӯби сафари расмии вазири умури хориҷаи Қирғизистон ба Тоҷикистон анҷом шуд, ду тараф перомуни вазъияти феълӣ ва чашмандози густариши равобити Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз ҷумла масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва умури фарҳангӣ миёни Душанбе ва Бишкек гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Ҳамчунин баррасии мавзӯи марбут ба таъйин марзҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва густариши ҳамкориҳои ҳуқуқии ду кишвар дар ин замина, аз дигар меҳварҳои муҳими гуфтугӯҳои раисони дастгоҳҳои дипломатии ду кишвари ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ буд.

Дидори мақомҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз аҳамияти фаровоне барои давлатҳо ва миллатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бархурдор аст, ба вижа он ки анҷоми ин дидорҳо метавонад ба ваҳдати ҳар чӣ бештари давлатҳои ин минтақа ва оромишу осоиши миллатҳои мусалмони ду кишвари ҳамсоя мунҷар шавад.

 Тоҷикистон ва Қирғизистон монанди дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз замони истиқлол бо мушкилоти зиёди марзӣ мувоҷеҳ будаанд. Дар айни ҳол, даргириҳои марзбонони тоҷик ва қирғиз, ки пас аз истиқлоли ду кишвар дар соли 1991-и мелодӣ рух дод, дар чанд соли ахир шиддат гирифтааст.

Аз охирин мавориди ин даргириҳо метавон ба даргириҳои марзӣ дар моҳи августи соли 2014-и мелодӣ дар канори рустои Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров миёни марзбонҳои тоҷик ва қирғиз ишора кард. Дар айни ҳол, дар тобистони соли гузаштаи мелодӣ даргириҳои марзии ду кишвар хисоратҳои ҷонӣ ва молӣ барои ду кишвар ба ҳамроҳ дошт.

Таҷриба нишон додааст, дар пайи ҳар мавриди даргирии марзӣ намояндагони марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон як нишасти муштарак баргузор мекунанд. Ин дар ҳоле аст, ки тайи беш аз ду даҳаи гузашта то кунун даргириҳои марзӣ бар муносиботи иқтисодӣ ва ҳамкориҳои муштараки ду кишвари мусалмон соя афкандааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки 504 километри он, яъне камтар аз 52 дарсад аломатгузорӣ шудааст. Ба далели адами аломатгузории марзӣ, борҳо пеш омадааст, ки мардуми рустоҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар заминҳои мавриди ихтилоф барои об, чарогоҳ ва ё замин бо тарафи муқобил даргир шудаанд.

Бо вуҷуди танишҳои марзӣ, давлати Қирғизистон дар рӯзҳои нахусти соли 2016 –и мелодӣ эълом кард, ба ройзаниҳои худ барои ҳалли ихтилофҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя, ба вижа Узбакистон ва Тоҷикистон идома хоҳад дод.

Эрлан Абдилдаев, вазири умури хориҷаи Қирғизистон дар моҳи январи соли ҷории мелодӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигорон эълом кард, бо вуҷуди  ихтилофҳои мавҷуд, дар муқоиса бо соли 2014, дар соли 2015-и мелодӣ ихтилофҳои марзии кишвараш бо Тоҷикистон ва Узбакистон то ҳудуде коҳиш ёфтааст.

Ба далели ихтилофи назарҳои марзӣ, тайи чанд соли гузашта давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон натавонистаанд дар бораи наҳваи таъйини хутути муштараки марзӣ ва таҳияи режими ҳуқуқии қобили қабул дар манотиқи марзӣ даст ёбанд. Дар маҷмӯъ, интизор меравад бо сафари вазири умури хориҷаи Қирғизистон ба Тоҷикистон ва анҷоми сафарҳои мушобеҳ, ду кишвари ҳамсоя дар заминаи барқарории сулҳ дар минтақа гоми мусбате бардоранд.